Пайвандҳои дастрасӣ

Белорус мухолифони давлатро ба додгоҳ кашид


Имрӯз Василий Парфенков-яке аз фаъолони мухолифони давлати Беларус дар додгоҳи шаҳри Минск зоҳир шуд. Вай барои таҳрики мардум дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар муттаҳам дониста мешавад. Парфенков 28 сол дорад ва аз ҷумлаи 40 нафар мебошад, ки барои таҳрики тӯдаҳо гунаҳгор мешаванд. Дар миёни ин 40 нафар 5 нафар номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ низ ҳастанд. Баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Белорус дар моҳи декабри соли 2010 ҳазорон нафар бар зидди натиҷаҳои интихобот эътироз карданд.
XS
SM
MD
LG