Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон "Путин" аз "Елтсин" баландтар аст


Имрӯз порламони Қирғизистон ба ҷонибдорӣ аз номгузорӣ шудани қуллае дар ин кишвар ба номи Владимир Путин рай дод. Ин қулла дар кӯҳҳои Тиён Шон воқеъ аст. Хабаргузории Ройтерз навиштааст, порламони Қирғизистон дар як дақиқа барои се санади марбут ба ин мавзӯъ рай додааст. Дар санадҳо омадааст, “барои абадӣ гардонидани хотираи Путин ва таҳкими муносиботи бародаронаи миёни Русияву Қирғизистон” ин тасмим гирифта шудааст. Соли 2002 қуллае дар Иссиқ Кул панҷ сол пеш аз маргаш ба номи Борис Елтсин гузошта шуда буд. Қуллаи “Путин” аз қуллаи “Елтсин” баландтар аст.
XS
SM
MD
LG