Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зидди мухолифони Қаддофӣ дар Либия


Садҳо нафар ҷонибдорони Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия дар Троблус дар муқобили тазоҳуркунандагони зиддидавлатӣ гирдиҳам омаданд. Тазоҳуркунандагони зиддидавлатӣ имрӯзро “Рӯзи ғазаб” эълон кардаанд ва ба пайравӣ аз муътаризони Тунису Миср дар кишвари худ хостори ислоҳотанд. Дидбони Ҳуқуқи башар, ки марказаш дар Амрикост, гуфтааст, ки мақомоти Либия дар ҷараёни тазоҳурот 14 нафарро боздошт кардаанд. Дар миёни онҳо фаъолони ҳуқуқи башар, нависандагон ва касоне ҳастанд, ки дар созмон додани тазоҳурот ҳамкорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG