Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев дар Ватикан бо попи Рум мулоқот кард


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар Ватикан бо попи Рум Бенидикти 16 дидор ва гуфтугӯ кард. Аз соли 2009 ба ин сӯ, яъне аз замони барқарории муносиботи дипломатии Маскав бо Ватикан ин нахустин боздиди раиси ҷумҳури Русия аз Ватикан аст. Ҳар ду ҷониб аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд ва хостори тақвияти муносибот дар оянда шуданд. Ин мулоқот дар ҷараёни боздиди дурӯзаи Медведев аз Италия анҷом гирифт.
XS
SM
MD
LG