Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 нафар дар Узбакистон маҳкум ба зиндон шуданд


Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбакистон 13 нафарро аз 6 то 10 сол маҳкум ба зиндон кард. Эзгулик ягона созмони сабтиномшудаи ҳуқуқи башари Узбакистон гуфтааст, онҳо барои узвият дар созмони мамнуи исломӣ ва нағқзи муқаррароти Қонуни Асосӣ маттаҳам дониста шудаанд. Мурофиаи додгоҳ паси дарҳои баста анҷом гирифтааст. Аксари маҳкумшудагон кишоварзон будаанд. Як нафар имоми масҷид будааст.
XS
SM
MD
LG