Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон дар Тоҷикистон корхонаи семент месозад


Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои саноатии миёни Тоҷикистону Эрон дар вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар бораи сохтмони як корхонаи тавлиди семент дар Тоҷикистон қарордод ба имзо расид. Тоҷинисо Азизова-сухангӯи вазорати энерживу саноати Тоҷикистон дар ин бора гуфт:

“Байни вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати саҳомии пӯшидаи Леон ковони сементи байналмиллалии ҷумҳурии исломии Эрон дар соҳаи сохтмон ва ба истифодадиҳии корхонаи сементбарорӣ дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расид”.

Хонум азизова гуфт, солона ин корхона то 2 миллион тон семент тавлид мекунад ва сохтмони он дар ду марҳала ба поён мерасад. Арзиши ин сохтмон 500 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG