Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 кушта ва 150 маҷрӯҳ дар тазоҳуроти имрӯзи Баҳрайн


Дар севвумин рӯзи тазоҳуроти эътирозӣ дар Баҳрайн ҳукумат талош дорад тазоҳуротро пароканда кунад. Ба ин манзур полис дар Манома дар майдони Луълу субҳи имрӯз гази ашковар ва тирҳои резинӣ парронд. Дастикам ду нафар кушта, 150 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Обид Халил-раҳбари ҳизби Вефақ-гурӯҳи аслии шиаҳои мухолиф амалиёти нируҳои амниятӣ бар зидди муътаризонро “терроризм” арзёбӣ кард:

“Ба мо зарур аст, ки ин вазъи хатарборро баррасӣ кунем, то тасмими дуруст бигирем. Он чӣ имрӯз рух дод, “терроризм”-и воқеист”.

Аз рӯзи сешанбе ба ин сӯ ҳазорон нафар, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд, дар майдони Луълу гирдиҳам омадаанд. Аз оғози ин тазоҳурот то ҳол 4 нафар кушта шудаанд. Муътаризон дар ин кишвари салтанатии халиҷи Форс хостори ислоҳотанд. Дар ин кишвар ақалияти сунниҳо бар аксарияти шиаҳо ҳукумат мекунанд.
XS
SM
MD
LG