Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон баррасӣ намешавад


Дар Душанбе пешнависи нави қарордоди ҳамкориҳои марзии миёни Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад. Баррасии он паси дарҳои баста анҷом мегирад. Хушнуд Раҳматуллоев-сухангӯи раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон ба радиои озодӣ гуфт:

“Ҳоло формати ояндаи ҳамкориҳоро муҳокима карда истодаанд, ки Русия дар кадом формат дар оянда фаъолияти худро давом медиҳад”.

Раҳматуллоев гуфт, масъалаи бозгашти нируҳои марзбонии Русия ба Тоҷикистон матраҳ нест ва ҳайатҳои ҳар ду ҷониб ин масъаларо баррасӣ намекунанд. Қарордоди ахири ҳамкориҳои марзии миёни ду кишвар соли 2005 барои 5 сол ба имзо расида буд.
XS
SM
MD
LG