Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории "Истиқлол" аз Ҷоми президенти туркман


Cабқати минтақаи шаҳри Душанбе барои Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев, футболбози маъруфи тоҷик, бо ширкати 10 даста дар варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов ҷараён дорад.

Дар даври чаҳоруми мусобиқа “Гвардия”-и Душанбе бар ССКА “Помир”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ-1»-и Турсунзода бар “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуданд. “Хайр”-и Ваҳдат дастаи ҷавонони “Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Дастаи дуввуми “Регар-ТадАЗ”тими РШВСМ-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард.

Ба ин тартиб пас аз натиҷагирии чаҳор даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” тими “Регар-ТадАЗ-1”-и Турсунзода бо 9 имтиёз аз 3 бозӣ пешқадам аст. Дастаи аслии “Регар-ТадАЗ” ба даври баъдӣ ва, инчунин, ба сабқати ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев роҳ ёфт.

Ду дастаи шаҳри Душанбе - “Локомотив” ва “Гвардия” барои роҳхати дуввум талош доранд. “Гвардия” бо 7 имтиёз ҷои дуввум ва “Локомотив” бо 4 имтиёз ҷои севумро касб кардаанд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, ба радиои Озодӣ гуфт: “Пас аз он ки “Истиқлол”-и Душанбе ба иллати ба дастаи мунтахаби олимпии кишвар ҷалб шудани 7 бозигари худ аз ширкат дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон даст кашид, Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин мусобиқа тими “Регар-ТадАЗ”-ро сафарбар намуд. Мо 18-уми феврал барои ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба шаҳри Ишқобод сафар мекунем. Ин мусобиқа аз 20-уми феврал то 1-уми март баргузор мешавад. Барои ширкат дар ин мусобиқа бошгоҳҳои футболи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон изҳори хоҳиш кардаанд. Маблағи ҷавоизи ин мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои севум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон иштирок хоҳад кард. Кӯшиш мекунем, ки дар ин мусобиқа соҳиби ҷоиза шавем. Пас аз бозгашт аз шаҳри Ишқобод тими “Регар-ТадАЗ” дар сабқати ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев, ки 3-юми март дар шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад, ширкат хоҳад кард”.

Дар сабқати гурӯҳи “Б” тими “Энергетик”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат” бо натоиҷи мушобеҳ – 9-имтиёзӣ (таносуби тӯбҳо - 15-0) пешқадаманд. Дар бозии охирин ҳарду даста, ки ба даври баъдӣ роҳ ёфтаанд, бо ҳам қувва меозмоянд. Инчунин “Энергетик” ва “Хайр” ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Вале футболбозони ҷавони “Истиқлол-2” ва РШВСМ (Мактаби маҳорати олии ҷумҳуриявӣ оид ба футбол) сарфи назар аз натиҷаи бозии охирини гурӯҳӣ аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд.

Натоиҷи бозиҳои чаҳор даври мусобиқа:

Даври якум - ССКА “Помир” - “Локомотив” - 1:2, “Гвардия” - “Регар-ТадАЗ-1” - 0:5, РШВСМ - «Энергетик» - 0:7, “Регар-ТадАЗ-2” - “Истиқлол-2” - 0:0.

Даври дуввум - «Локомотив» – «Гвардия» - 2:2, «Шодмон” – ССКА «Помир» - 4:3, «Хайр» – РШВСМ – 8:0, «Энергетик» - «Регар-ТадАЗ-2» - 3:0.

Даври севум - “Гвардия» - «Шодмон» - 2:0, “Регар-ТадАЗ-1” - “Локомотив” - 5:0, “Истиқлол-2” - “Энергетик» - 0:5, «Регар-ТадАЗ-2» - «Хайр» - 0:5.
Даври чаҳорум - ССКА “Помир” - “Гвардия”- 0:1, “Шодмон- “Регар-ТадАЗ-1” - 0:1, “Хайр” - “Истиқлол-2” - 2:0, РШВСМ - “Регар-ТадАЗ-2”- 2:3.

Гурӯҳи “А”
Б Ғ М Б Т И
“Регар-ТадАЗ-1” 3 3 0 0 11-0 9
“Гвардия” 4 2 1 1 5-7 7
“Локомотив” 3 1 1 1 4-9 4
“Шодмон” 3 1 0 2 4-6 3
ССКА “Помир” 3 0 0 3 4-7 0

Гурӯҳи “Б”
Б Ғ М Б Т И
“Энергетик” 3 3 0 0 15-0 9
“Хайр” 3 3 0 0 15-0 9
“Регар-ТадАЗ-2” 4 1 1 2 3-10 4
“Истиқлол-2” 3 0 1 2 10-7 1
РШВСМ 3 0 0 3 2-18 0

Даври 5-ум
18-уми феврал (ҷумъа)

“Локомотив” - “Шодмон”
“Регар-ТадАЗ-1” - ССКА “Помир”

19-уми феврал (шанбе)
“Энергетик” - “Хайр”
“Истиқлол-2” - РШВСМ

Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, сабқати интихобӣ дар Душанбе то рӯзи 23-юми феврал идома меёбад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа 8 дастаи беҳтарин (чаҳор даста аз минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон) дар марҳилаи ниҳоӣ, ки 3-юми март дар пойтахти кишвар шурӯъ мешавад, барои ба даст овардани Ҷоми Рустам Долтабоев рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG