Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

400 нозири САҲА ба интихоботи Қазоқистон меоянд


Имрӯз Александр Келчевский-раҳбари маркази САҲА дар Остона-пойтахти Қазоқистон гуфт, ин созмон барои назорат бар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон 400 нозири худро хоҳад фиристод. Интихобот 3-юми апрел баргузор мешавад ва он интихоботи зудрас аст. Ба гуфтаи Келчевский, имкон дорад ҳафтаи оянда 36 нафар аз ин нозирон вориди Қазоқистон шаванд. Нозирони дигар дар остонаи интихобот ба Қазоқистон меоянд. Нозирони САҲА дар гузашта интихоботи порламонӣ ва раёсати ҷумҳурии Қазоқистонро назорат кардаанд ва гуфта буданд, ки ин интихобот ба муқаррароти интихоботи озоду демократӣ мутобиқ набуд.
XS
SM
MD
LG