Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистону Гурҷистон марзи худро як ҷо посбонӣ мекунанд


Арманистон ва Гурҷистон нақшаҳои фаъолияти муштарак дар марзи миёни ду кишварро таҳия кардаанд. Ҳадаф аз он густариши ҳамлу нақли коло тавассути марзи миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад. Нахуствазирони ҳар ду кишвар баъд аз мулоқот дар Ереван ба хабарнигорон гуфтанд, ки ин ду кишвар дар рӯзҳои наздик роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба қарордоди зарурӣ ба имзо мерасонанд. Ника Гилаурӣ-нахусатвазири Гурҷистон гуфт, ин ду кишвар роҷеъ ба ҳамкориҳои марзӣ қарордоде аз қабили қарордоди Гурҷистону Туркия имзо ва ҳифозати марзро муштаракан таъмин хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG