Пайвандҳои дастрасӣ

Муътаризон дар Либия "Рӯзи ғазаб" эълон карданд


Имрӯз созмондиҳандагони тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Либия “Рӯзи ғазаб” эълон карданд. Ин дар ҳолест, ки мавҷи тазоҳуроти эътирозӣ тақрибан ҷаҳони арабро фаро гирифтааст ва раҳбарони “дарозумр”-и Тунису Мисрро аз мақомашон барканор кард. Муаммар Қаззофӣ 40 сол раҳбарии Либияро бар уҳда дорад ва бештар аз ҳар раҳбари дигари кишварҳои арабӣ ҳукумат кардааст. Тазоҳуроти эътирозӣ дар Либия падидаи камназир ба шумор меравад. Даъват ба тазоҳуроти эътирозӣ дар сомонаҳои интернетии ғайридавлатӣ чоп шуд. Рӯзи сешанбе дар нахустин рӯзи тазоҳурот полис бо муътаризон дар шаҳри Бенғозӣ вориди даргирӣ шуд. Бештар аз 30 нафар, ба шумули чанд афсари полис сатҳӣ ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG