Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарордоди нав паси дарҳои баста баррасӣ мешавад


Дар Душанбе пешнависи нави қарордоди ҳамкориҳои марзии миёни Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад. Баррасии он паси дарҳои баста анҷом мегирад. Дар ин бора раёсати нируҳои марзбонии Кумитаи даввлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст. Бино ба хабари ин манбаъ, дар музокирот аз ҳар ду ҷониб намояндагони нируҳои марзбонӣ, Шӯрои Амният ва аъзои ҳукумат ширкат доранд. Ҳайати Тоҷикистонро Шералӣ Мирзо- фармондеҳи нируҳои марзбонии Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Қарордоди ахири ҳамкориҳои марзии миёни ду кишвар соли 2005 барои 5 сол ба имзо расида буд.
XS
SM
MD
LG