Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз 2 нафар дар тазоҳуроти Баҳрайн кушта шуданд


Дар севвумин рӯзи тазоҳуроти эътирозӣ дар Баҳрайн ҳукумат талош дорад тазоҳуротро пароканда кунад. Ба ин манзур полис дар майдони Манома субҳи имрӯз гази ашковар ва тирҳои резинӣ парронд. Дастикам ду нафар кушта, даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз рӯзи сешанбе ба ин сӯ ҳазорон нафар, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд, дар майдони Луълу гирдиҳам омадаанд. Аз оғози ин тазоҳурот то ҳол 4 нафар кушта шудаанд. Муътаризон дар ин кишвари салтанатии халиҷи Форс хостори ислоҳотанд. Дар ин кишвар ақалияти сунниҳо ба аксарияти шиаҳо ҳукумат мекунанд.
XS
SM
MD
LG