Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба баррасии баҳси миёни Вазорати адлия ва молики нашрияи "Пайкон" пардохтааст.

Вазорати адлияи Тоҷикистон дар оғози моҳи феврал аз додгоҳ хостори қатъи фаъолияти созмони молики ҳафтаномаи “Пайкон” шуда буд.

Масъулони ин вазорат мегӯянд, Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, як ниҳоди мустақили рӯзноманигорӣ ва муассиси ҳафтаномаи "Пайкон"-ро ба он далел ба додгоҳ кашидаанд, ки ин созмон суроғаи худро бидуни иҷозаи расмӣ тағйир дода, дар ин бора ба мақомот хабар надодааст.

Ҳамчунин, ба иддаои ҷониби Вазорати адлия ин ниҳоди рӯзноманигорӣ дар қайди мақомоти андоз набудааст.

Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ки соли 2008 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 16, сабти ном шудааст, ҳоло дар ошёнаи 14-и ин бино фаъолият мекунад.
Ҷумъа Толибов: Ҳадафи мақомот аз ин баҳси додгоҳӣ эҷоди мушкил ба чопи ҳафтаномаи "Пайкон" аст, зеро дар ҳоли пирӯзии вазорати адлия нашри ин ҳафтанома дар додгоҳ низ қатъ хоҳад шуд...


Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, дар шартномаи миёни Бюро ва соҳиби бино - маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳои "Шарқи озод"-и дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон суроғаи созмони рӯзноманигорӣ дақиқ муайян нашудааст.

Ҷаноби Қудратов ҳамчунин даъвои вазорати адлия дар мавриди дар сабти мақомоти андоз набудани Бюроро ба он далел рад кард, ки ҳеҷ як ниҳод дар Тоҷикистонро вазорати адлия бидуни иҷозати мақомоти андоз сабти ном намекунад.

Аммо Ҷумъа Толибов, муассиси Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, далели ба додгоҳ шикоят бурдани вазорати адлия ҳамоно нашри ду матлаб дар саҳифаҳои ҳафтаномаи "Пайкон" аст, ки раҳбарони ин ниҳод низ интиқод шудаанд.

Оқои Толибов гуфт, дар матлаби аввалин таҳти унвони "Истеъфо!", ки моҳи октябр нашр шуд, ба хотири ноамниҳои ахири соли гузашта дар Тоҷикистон аз раҳбарони мақомоти қудратӣ, доситонии кул ва низ вазири адлия хоста мешуд, ки ба истеъфо раванд. Вай афзуд, баъди нашри ин матлаб вазорати адлия як огоҳинома фиристод, ки асноди Бюро пурра нест ва бояд ислоҳ шавад, ки бадоҳатан ислоҳ шуд.

Сардабири "Пайкон" афзуд, моҳи январ дар матлаби дигаре таҳти унвони "Бузкашӣ дар СУМ" дар бораи баҳсҳои фурӯшгоҳи марказии Душанбе низ вазорати адлия мавриди интиқод қарор гирифт ва бо гузашти чанд рӯз шикояти ин ниҳод низ ба додгоҳ ворид шуд: "Пас аз он ки ин матлаб ба нашр расид, дар санаи 24 январи соли 2011 аризаи даъвогии вазорати адлия барои муваққатан боздоштани фаъолияти Бюро ба додгоҳ ирсол шуд. Аммо имрӯз вазорат на муваққатан боздоштани фаъолият, балки батамом қатъ кардани фаъолияти Бюроро хостааст. Бо ин вуҷуд, инро вақт собит мекунад, ки ҳақиқат дар ҷониби кист."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG