Пайвандҳои дастрасӣ

Норвегия: Вазирон кӯдакбонӣ мекунанд


Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия ва Йенс Столтенберг, нахуствазири Норвегия

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия ва Йенс Столтенберг, нахуствазири Норвегия

Ҳукумати Норвегия дар ҳолати ғайримуқаррарӣ аст ва нахуствазири он Йенс Столтенберг аз ин хушҳолтар буда наметавонад.

Ӯ дар гузашта бо имзои як санад, мӯҳлати рухсатии мардҳо барои нигоҳубини фарзанди навзодашонро то 10 ҳафта тамдид кард.

Бо вуҷуди ин ки ҳоло вазири адлия ва вазири умури хонаводаи Норвегия дар хона аз ҳисоби пули давлат кӯдакбонӣ мекунанд, Йенс Столтенберг аз он барномаи қабулкардааш пушаймон нест.

Нахуствазири Норвегия, ки дар назди як қаҳвахона мунтазири ин ду вазир ва бачаҳояшон меистод, ба хабарнигори Ройтер гуфта, ки вазиронашро пазмон шудааст.

Раиси ҳукумати эътилофии Норвегия аз таҷрибаи худаш дар соли 1989 ёдовар шудааст, ки бо бачааш дар боғҳои Осло сайругашт мекард ва гуфтааст: “Ман то он замон ҳеҷ гоҳ бо ин қадр занони зиёд вонахӯрда будам.”
Падарон даҳ ҳафта барои нигоҳубини кӯдак доранд ва агар сари вақт онро нагиранд, ин рӯзҳо зоеъ мешаванд...


Кнут Сторбергет, вазири адлияи Норвегия гуфт, баъди 1-уми январ, ки барои нигоҳубини фарзандаш рухсатӣ гирифтааст, то ҳол ба масъалаҳои ҷиноӣ, ки дар матбуоти кишвар зиёд инъикос мешавад, аҳамият надодааст. Вазири 46-солаи адлия гуфтааст, “баъд аз ҳамроҳии ҳаррӯза бо фарзанди навзодам бозгашт ба кор бисёр ба назарам аҷиб мерасад, агарчӣ шаш сол боз вазир ҳастам.”

Аудун Лусбаккен, вазири 33-солаи умури хонаводаи Норвегия барои кӯдакбонӣ рӯзи 29-уми ноябри соли гузашта рухсатӣ гирифт ва қарор аст 21 март ба кораш баргардад.

Ҳоло масъулиятҳои ин ду вазирро занҳо иҷро мекунанд, ки дар ҳайати ҳукумати ҳозира аз ду се ҳиссаро ташкил медиҳанд. Дар Норвегия баъди ба дунё омадани фарзанд падару модар ҳақ доранд, ду ҳафта рухсатӣ бигиранд.
Баъдан, ба онҳо 46 ҳафтаи рухсатӣ бо музди кори комил пешниҳод мешавад ва ё 56 ҳафта, ки дар ин муддат 80 дар сади музди корашонро хоҳанд гирифт.

Падарон даҳ ҳафта барои нигоҳубини кӯдак доранд ва агар сари вақт онро нагиранд, ин рӯзҳо зоеъ мешаванд. Мисли ин ду вазири Норвегия, бисёре аз мардҳои кишвар талош мекунанд, баъди бозгашти ҳамсаронашон ба кор барои нигоҳубини фарзанд рухсатии тӯлонитар бигиранд.

Ҳукумати Норвегия зоҳиран ин тамоюлро ба инобат гирифтааст, ки охири сол рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдакон барои волидонро то 57 рӯзи корӣ тамдид хоҳад кард ва 12 ҳафтаи он барои падарон аст.

Ҳукумат мехоҳад дар ниҳоят ба падарони Норвегия 14 ҳафта рухсатӣ барои кӯдакбонӣ бидиҳад. Баъди 15 дақиқаи бозӣ бо Ингрид ва Аврора, духтарони вазирони адлия ва умури хонаводаи Норвегия, нахуствазир Столтенберг гуфтааст, акнун бояд ба кор баргардам.

Вазири адлия бо хандаи баланд гуфтааст, мо ба кино меравем. Аммо ман барои идораи кишвар меравам посух додааст, нахуствазири Норвегия.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG