Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар Бен Лодан дастгир шавад, дар Гуантанамо хоҳад буд


Леон Паннета, мудири Си Ай Эй, Хадамоти Истихборотии Амрико гуфт, дар сурати боздошти Усома Бен Лодан, раҳбари Ал-Қоида ва ё муовинаш Аймон Завоҳирӣ онҳо ба ғолибан ба боздоштгоҳи низомии Гуантанамо интиқол дода хоҳанд шуд. Леон Паннета дар ин бора зимни ҳузур дар конгресси Амрико ва посух ба суоли як сенатор сухан гуфт. Эрик Ҳолдер, додситони кулли Амрико гуфт, интизор надорад, ки Усома Бен Лодан зинда дастгир шавад. Амрико даҳ сол боз дар пайи Бен Лодан ва Завоҳирӣ аст, ки ба эътиқоди маъмурони иттилоъотӣ дар шимолуғарби Покистон паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG