Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Баҳрайн тазоҳургаронро пароканда кардааст


Полиси Баҳрайн имрӯз барои пароканда кардани садҳо тазоҳургар, ки дар майдони марказии шаҳр нишеман задаанд, аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода кард. Бо вориди рӯзи чаҳоруми худ шудани тазоҳурот дар шаҳри Манома, пулис ба таври ногаҳонӣ ба майдон юриш бурд. Ҳазорон мардуми шиъамазҳаб аз аввали ҳафта дар Баҳрайн бо талаби ҳуқуқи бештар дар кишвар, ки ҳокимонаш суннимазҳабанд, тазоҳурот карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо баъди юриши пулис, майдони марказии шаҳр тақрибан холӣ шудааст. Аввали ҳамин ҳафта ду тазоҳургар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG