Пайвандҳои дастрасӣ

Русия шаҳрванди Тоҷикистонро ба Тошканд месупорад


Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Ӯзбакистон ба қатл муттаҳам мешавад, ба он Тошканд истирдод хоҳад кард. Додситонии кулли Русия гуфт, мақомоти Ӯзбакистон Отабек Мустафоқуловро ба қатли як шаҳрванди он кишвар дар даҳ соли пеш муттаҳам мекунанд ва расман хостаанд, то ӯро ба Ӯзбакистон бисупоранд. Отабек Мустафоқулов гӯё як сокини Ӯзбакистонро барои дуздии панҷ халта орд ва як велосипед куштааст. Отабек Мустафоқулов, аз соли 2001 мавриди ҷустӯҷу қарори доштааст ва ӯро моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Нефтюганск боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG