Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Падари бадрафтор ба кори иҷборӣ маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Новосибирски Русия, як мардро бо гуноҳи латукӯб ва тавҳин ба омӯзгори мактаби ин шаҳр ба ҳашт моҳи кори иҷборӣ маҳкум кард. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, Денис Вожегов ба латукӯби омӯзгори 24-сола Ирина Исоева дар ҳузури шогирдонаш гунаҳкор дониста шуд. Ин мард бо бадрафторӣ ва дашном ба муаллима гуфтааст, ки ӯ амдан баҳои духтарашро паст мемонад. Ирина Исоева баъдан ин мактабро тарк кардааст.
XS
SM
MD
LG