Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Бонки Ҷаҳонӣ аз афзоиши нархи ғизо


Раиси Бонки Ҷаҳонӣ Роберт Золик мегӯяд, нархи маводи ғизоӣ то ҳадди хатарнок боло рафтааст.

Рӯзи 15-уми феврал Золик ҳушдор дод, ки идомаи чунин ҳол метавонад шароити сиёсиву иҷтимоии як идда кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказиро буғранҷ намояд.

Бонки Ҷаҳонӣ бар пояи пажӯҳиши нархи ғизо дар нимаи дуюми соли 2010 мегӯяд, аз моҳи июни соли гузашта ба ин сӯ қимати гандум, шакар ва равған ба ҳадде боло рафтааст, ки 44 миллион сокини кишварҳои рӯ ба рушд бо вазъи фавқулода рӯбарӯ шуданд.

Ба гуфтаи Золик, болоравии нархи ғизо ба ҳадди хатарнок расида, азобу машаққати мардуми саросари оламро бештар мекунад. Вай афзуд, мояи асосии эътирозҳои Тунису Миср камбуди ғизо набуд, вале камбағаливу нархҳои баланд норозигии мардумро афзоиш дода. Нархҳои баланди маводи ғизоӣ имкон дорад, вазъи сиёсиву иҷтимоии баъзе кишварҳои Осиёи Марказиро ноором кунад.

Дар гузориш омадааст, ки дар давоми шаш моҳи ахири соли 2010-ум, нархи гандум дар Қирғизистон 54 дар сад, дар Тоҷикистон 37 %, дар Афғонистон 19 ва дар Покистон 16 % боло рафт.

Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар арафаи нишасти раҳбарони 20 кишвари саноатии олам дар Фаронса интишор шуд. Интизор меравад, ки ин масъала дар нишасти Фаронса баҳс шавад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҷомеаи байнулмилал бояд аз ин таҳдид огаҳ бошад ва аз пеш гирифтани сиёсати барғалати манъи содирот ва ё танзими нарх, ки баръакс боиси афзоиши иловагии нарх ва бӯҳрон мешавад, ҷилавгирӣ кунад.

Дар соли 2010-ум, кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ, аз ҷумла Австралия, ИМА ва Русия бо обхезиҳо аз як тараф ва аз сӯи дигар бо хушксолӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Бонки Ҷаҳонӣ иброз доштааст, ки индекс ё худ шохиси нархи ғизо дар тӯли се моҳ аз моҳи октябри соли 2010-ум то моҳи январи соли 2011-ум 15 дарсад афзоиш ёфта, ба мизони бӯҳрони соли 2008-ум наздик шудааст. Ба қавли ин муассиса, агар вазъ тағйир наёбад, дар соли 2011-ум нархи маводи ғизоӣ дар саросари олам то 29 % боло хоҳад рафт.

Бонк аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ба кишварҳои шабеҳи Афғонистон, Ҷумҳурии Демократии Конго, Қирғизистон ва Муғулистон кӯмаки ғизоӣ расонад, зеро ин кишварҳо бо камбуди шадиди ғизо мувоҷеҳ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол корхонаи давлатии “Ғалла” ки бо воридоти ғаллаву гандум ба Тоҷикистон машғул аст, ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ки ҷумҳурӣ вуруди ғалларо коҳиш дод, зеро талабот коҳиш ёфтааст. Ба қавли намояндагони муассисаи “Ғалла”, аксари аҳолии Тоҷикистон захираи кофии орду гандум доранду тақозо кам шудааст. Ҳамин манбаъ гуфтааст, ки моҳи январи соли 2011-ум Тоҷикистон 27 900 тонна гандум ва 27 500 тонна орд ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG