Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзи Наврӯз ниҳоӣ шуд


Ҳафт ситораи тобнок ва хуршеди субҳидам бар рӯи курраи замин, бо инъикоси рамздори баробарии шабу рӯз, хулосаи аслии тасвири рамзи Наврӯз мебошад.

Кумисиюни ташхиси рамзи Наврӯз иборат аз намояндагони вазорату ниҳодҳои фарҳангии Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи ахир бар рӯи чигунагии рамзи Наврӯз баҳсҳои тӯлонӣ доштанд.

Аз замони Эрони бостон то кунун вобаста ба вазъи зиндагӣ ва низоми давлатдории мардум, Наврӯз дар нишасту бархости мардум бо гунаҳои мухталиф рамзороӣ мешуд.

Ва ин бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ва мушаххас доир ба рамзи Наврӯз пешниҳодҳо сурат мегирад.

Ба ин тартиб Хуршед ба унвони бахшояндаи рӯшаноӣ дар рамзи Наврӯз оварда шудааст. Баробарии рӯзу шаб ба маънои оғози рӯзи нави соли нави хуршедӣ будаст, ки пас аз баробар шудани мизони рӯзу шаб, рӯзи нав оғоз хоҳад шуд, ки онро Наврӯз меноманд. Акси курраи замин ба маънои ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз будааст, ки пас аз эътирофи Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз иди байналмилалӣ дониста шуд. Ҳафт ситора, ки дар парчами давлати Тоҷикистон ҳам ҳаст ҳамчун рақами муқаддас дар замони пешдодиён то Эрони вусто ва то даврони мо барои мардуми эронинажод дониста мешавад. Ҳафт зинаи камолоти умри инсон, ҳафт рўзи ҳафта, ҳамчунин хӯрданиҳои асосии дастурхони наврузӣ ҳафтшину ҳафтсин низ дар назар дошта шудааст.

Муъмин Қаноат
Шоири тавонои тоҷик Мӯъмин Қаноат, узви Кумиссюни рамзи Наврӯз мегӯяд, ки азбаски ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, ҳангоми баррасӣ талош кардем, ки аз ҳаргуна арзишҳо ва расму оинҳое, ки маҳдуд ба як кишвар аст сарфи назар кунем. Масалан овардани акси кадом ҳайвон имкон надорад, ё сумалаку ҳафтсину ҳафтшинро ҷой додан хеле мушкил аст.

Дар ҳоли ҳозир Кумисюни рамзи Наврӯз ба ҳайати рассомони тоҷик дастур додааст, ки бар рӯи аломатҳои мазкур, хуршеду курраи замин, акси баробарии шабу рӯз ва ҳафт ситора тарҳи рамзро тартиб диҳанд, то ин ки ба зудтарин фурсат дар Чин сиккабардорӣ ва дар рӯзҳои ҷашн ба меҳмонон тақдим карда шавад.
XS
SM
MD
LG