Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни ҷилавгирӣ аз сармоягузорӣ ба терроризм


Маҷлиси намояндагон қонуни зидди расмӣ шудани даромадҳои ҷиноӣ ва сармоягузорӣ ба терроризмро тасвиб кард.

Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур назорати амалиёти бонкии шубҳанок яъне интиқоли маблағҳоест, ки имкон дорад барои аъмоли террористӣ ва дастгириву кӯмаки ин гурӯҳҳо масраф шавад. Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ҳамакнун бо қабули ин қонун, шароити ҳуқуқии санҷиши маблағҳои шубҳанок фароҳам шуда ва барои ошкор ва ҷилавгирӣ кардан аз чунин амалиётҳои бонкӣ, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунад як департаменти махсус дар назди ин бонк таъсис шудааст.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон,
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, ки лоиҳаи мазкурро ба вакилони парлумон тавзеҳ мекард гуфт ин санад барои назорати интиқоли маблағҳои шубҳабарангез тавассути бонкҳо аз аҳамияти вижа бархурдор аст. Зеро то ба имрӯз ба таъйиди оқои Раҳимзода, бонкҳои Тоҷикистон имкони назорати маблағҳои шубҳаоварро надоштанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд барои иҷрои муассири ин амр дар назди бонк як раёсати махсус таъсис дода шудааст ва ин идора дар сурати ошкор кардани мавридҳои шубҳаовари интиқоли пул, дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои амниятӣ ба таҳқиқи сарчашма ва манобеи ин маблағҳо мепардозад. Ҳамчунин ин идора ҳамтоёни худ аз кишварҳоеро, ки маблағҳоҳои машкук интиқол мешаванд дар ҷараён хоҳад гузошт.

Зимнан дар ҷаласаи ахири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҳафтаи пеш раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди “тақвият ёфтани экстремизми динӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар” изҳори нигаронӣ карда таъкид намуд, ки
ин амалҳо « бо кўмаку дастгирии хоҷагони хориҷӣ» сурат мегирад.

Бо ин ҳол бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон қабули қонуни мазкур аз сӯи парлумони кишварро як иқдоми мусбат алайҳи истифодаи бонкҳои Тоҷикистон тавассути гурӯҳҳои террористӣ меҳисобанд. Зеро эҷоди мушкили ҳуқуқӣ ва ҷорӣ кардани санҷишу назорат аз болои интиқоли маблағҳо дастрасии онҳоро ба сармоя коҳиш медиҳад. Аммо Фаррух
Фаррух Умаров-коршиноси тоҷик
Умаров-коршиноси тоҷик мегӯяд бо ин вуҷуд, ки ин иқдом то ҳадде дар ҷилавгирии аъмоли террористӣ мусоидат мекунад вале ҳанӯз кофӣ нест. Зеро дар бештари маворид ин гурӯҳҳо аз роҳҳои дигар метавонанд маблағро ба даст оваранд:


Дар ҷаласаи парлумони Тоҷикистон ҳамчунин созишномаҳо дар бораи омодасозии мутахассисин барои сохторҳои зиддитеррористӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва конвенсияи ин созмон барои ҳамкорӣ дар муқобила бо терроризм низ ба тасвиб расид. Ин ду санад аз сӯи Саймуддин Ятимов-раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон масъули ниҳоди амниятии кишварро ба иҷрои беҳтари вазифа ташвиқ кард.

Ҳамзамон бо ин, раиси Маҷлиси намояндагон аз он ибрози нигаронӣ кард, ки ин кумита дастури раиси ҷумҳур дар бораи насби дастгоҳҳои назоратӣ дар иншоот ва биноҳои давлатӣ ва маҳалли бештари таҷаммӯи мардумро саривақт ба анҷом нарасонидааст.

Зимнан Шариф Раҳимзода-раиси Бонки миллии Тоҷикистон тасвиби ин қонунро аз он ҷиҳат зарур шуморид, ки ҳафтаи оянда дар Париж дар мақарри Созмони байналмилалии мубориза бар зидди амалиёти ғайриқонунии молиявӣ фаъолияти ниҳодҳои Тоҷикистон дар ин масъала баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG