Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти ҷадид дар пойтахти Баҳрайн


Имрӯз дар Манома, пойтахти Баҳрайн ҳазорон нафар гирди ҳам омаданд. Тайи 2 рӯзи аввали эътирозҳо дар ин шоҳигарии халиҷи Форс 2 нафар кушта шуданд ва аксари тазоҳургарон имрӯз ба қасди ширкат дар маросими дафни қурбонии дуввум, ки дар ҷараёни маросими дафни қурбонии аввал ҷон бохт, гирди ҳам омадаанд. Мақомот мегӯянд, афсарони пулиси муттаҳам дар қатли онҳо алакай боздошт шудаанд. Бо ин ҳол, онҳо ба ошӯбҳои баъдӣ омодагӣ мегиранд. Тазоҳургарон аз ҷумла раҳоии маҳбусони сиёсӣ, ташкили кобинаи нави вазирон бидуни сарвазири феълӣ, кору манзил ва хатми табъизи мусалмонҳои шиъа аз ҷониби ақалияти сунниро, ки дар сари қудрати Баҳрайн қарор дорад, талаб мекунанд.
Баҳрайн мақари артиши панҷуми дарёии Амрикост ва Вошингтон бо нигаронӣ аз хушунатҳои ахир ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG