Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи бархӯрд бо мина дар марз бо Узбакистон, Фурқат Мухторов, сокини рустои Ёрии ҷамоати Ёрии Панҷакент ҳалок гардид.

Парвиз Мавлонқулов, раҳбари амалиётҳо дар маркази минрубии Тоҷикистон зимни таъиди ин хабар гуфт, ки Фурқати 29-сола ҳамроҳ бо бародар ва падараш ба мақсади тиҷорат марзи давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ки дар натиҷа ба мина бархӯрда ва дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Ба гуфтаи Мавлонқулов, тафтишоти ин ҳодиса тавассути мақомоти ноҳияи Панҷакент ҷараён дорад.

Тибқи иттилои масъулони Маркази минрубии Тоҷикистон, дар соли 1999 низ як ҳодисаи бархӯрд бо мина дар деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент иттифоқ афтода буд, ки дар натиҷа яке аз сокинони ин русто ба ҳалокат расид.

Аммо кушта шудани як сокини рустои Ёрии ноҳияи Панҷакент нахустин ҳодисаи бархӯрд бо мина дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон дар соли ҷории мелодӣ аст.

Бар асоси гузориши Маркази минрубии Тоҷикистон, теъдоди ҷабрдидагон аз мина дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон ба 829 нафар расидааст, ки аз он 363 нафарашон кушта шуда ва бақия ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд.

Ниҳодҳои марзбонии Узбакистон дар соли 1999 ба мақсади ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ ба қаламрави кишварашон марз бо Тоҷикистонро минагузорӣ карданд. Аммо то ҳол аз ин шаҳрвандони оддии Тоҷикистону Узбакистон талаф мебинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG