Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ҳамла ба узви аршади ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозодаро маҳкум намудааст.

Хонум Аквиле Норматиене, мушовири умури сиёсии дафтари намояндагии ИА дар Душанбе дар шарҳи баёнияи ин созмон ба РО гуфт, ки ИА ҳамла ба Сайфуллозода "як амали ваҳшиёна" талаққӣ карда аз мақомот хостааст, ки омилин ин ҳамларо дастгир ва муҷозат кунанд.

Дар ҳамин ҳол сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон низ нигаронии худро аз ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода баён доштааст.

Тревор Мур, сафири Британия дар Тоҷикистон рӯзи гузашта зимни мулоқот бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ҳамла ба як узви ҳизби сиёсӣ изҳори нигаронӣ намудааст.

Ин дар ҳолест, ки пас аз як ҳафтаи ҳамла болои Ҳикматулло Сайфуллозода дафтари САҲА дар Душанбе низ изҳори нигаронӣ ва хостори расидагии мақомот ба ин қазия шуда буд.

Ивар Вики, намояндаи дафтари САҲА дар Душанбе, гуфт, онҳое, ки сардабири "Наҷот"-ро латукӯб кардаанд, бояд ошкор ва боздошт шуда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Қабл аз ин, сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ ҳамла болои узви фаъоли ҲНИТ-ро маҳкум карда буд.

Худи масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ онро "сӯиқасд ба ҷони Ҳикматулло Сайфуллозода ва ҳамла ба ин ҳизби динӣ" медонанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот" ва узви раёсати олии ҲНИТ, субҳи 7-уми феврал дар роҳ ба сӯи идораи ҳафтанома, тақрибан дар наздикиҳои манзили худ, ба таври ғайримунтазира дучори ҳамлаи афроди ношинос шудааст.

Ӯ дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи "Қарияи Боло" оварда мешавад ва то кунун дар он ҷо бистарист. Табибон мегӯянд, ҳамлаварон бештар дар ноҳияи сараш зарбаҳои сангин задаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода дар соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи "Наҷот", нашрияи расмии ҲНИТ-ро ба ӯҳда гирифт. Вай дар маркази таҳлилии "Диалог" дар Душанбе низ кор карда, дар расонаҳо бештар ба унвони таҳлилгари масоили сиёсӣ ва динӣ сӯҳбат мекунад.

Ҷаноби Сайфуллозода як ҳафта пеш аз он, ки мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор бигирад, бештар дар бораи навори Алии Бедакӣ, таҳаввулоти Миср ва таъсири он ба кишварҳои худкома андешаҳои худро баён дошта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG