Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Керрӣ аз Исломобод раҳоии Девисро хостааст


Сенатори амрикоӣ Ҷон Керрӣ ба мақомоти Покистон гуфт, амрикоии муттаҳам ба куштор дар сурати раҳоияш дар худи Амрико таҳти таҳқиқ қарор хоҳад гирифт. Раймонд Девис рӯзи 27 январ бо иттиҳоми қатли ду покистонӣ дар шаҳри Лоҳур боздошт шуд. Мақомоти Амрико мегӯянд, Девис корманди консулгарист, ки ба хотири дифоъ аз худ оташ кушодааст. Онҳо мегӯянд, ки ӯ аз масунияти дипломатӣ бархӯрдор буда, бояд аз боздошт раҳо шавад. Ин қазия мояи таниш дар равобити Вошингтон бо Покистон, як муттаҳиди калидиаш дар ҷанг алайҳи терроризм шудааст. Ҷон Керрӣ, раиси кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико аз ҳалокати ду покистонӣ изҳори таассуф кард, вале гуфт, Раймонд Девис бояд раҳо шавад.
XS
SM
MD
LG