Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи Вишеград Беларусро маҳкум кард


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ бо ҳамовозӣ ба Австрия ва кишварҳои узви гурӯҳи Вишеград – Чехия, Словакия, Маҷористон ва Лаҳистон – давлати Аляксандр Лукашенкаро ба маҳзи нақзи ҳуқуқи башар маҳкум кард. Сухангӯи сарвазири Словакия Ивета Радисова гуфт, эъломияи ниҳоии нишаст қотеъона Беларусро ба раҳоии билофосилаи тамоми маҳбусони сиёсӣ ва сафед кардани онҳоро даъват мекунад.
Дар ин ҳамоиш сарвазири Украина Микола Азаров низ ҳузур дошт, вале ба ин санад имзо нагузошт. ИА дар моҳи гузашта ироаи раводиди сафар ба Лукашенка ва мақомоти дигари Беларусро ба далели саркӯбии эътирозҳои пасоинтихоботӣ дар моҳи декабр манъ кард.
XS
SM
MD
LG