Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Каррубӣ ба таҳдиди вакилони Маҷлис


Меҳдии Каррубӣ, як раҳбари мухолифини Эрон дар посух ба таҳдиди вакилони парлумон дар сомонаи интернетиаш гуфт, ба манзури ба Эрон овардани ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ба пардохти «ҳар баҳо» омода ҳаст. Дирӯз вукалои тундрави парлумони Эрон дар вокуниш ба эътирозҳои рӯзи душанбе хостори ба додгоҳ кашонидан ва ҳукми эъдоми Каррубӣ ва ду раҳбари дигари мухолифин – Мирҳусайн Мӯсавӣ ва Муҳаммади Хотамӣ – шуданд. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ ин эътирозҳоро кори дасти «душманони Эрон» номид.
Ин раҳпаймоии мухолифин барои ҳимоят аз эътирозҳои Миср даъват шуд, вале тазоҳургарон шиорҳои зиддидавлатӣ зада, бо пулис вориди задухӯрд шуданд, ки ду кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG