Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳрайн дар пешорӯи боз як рӯзи эътирозҳо


Мақомоти Баҳрайн боз ба як рӯзи дигари эътирозҳо омодагӣ мегиранд. Бино ба хабарҳо, ҳазорон нафар бо умеди пайравӣ ба намунаи Миср ва барандохтани ҳукумати Баҳрайн шаби гузаштаро дар майдони асосии пойтахти ин шоҳигарии халиҷи Форс рӯз карданд. Дар ҷараёни эътирозҳои Баҳрайн алакай 2 нафар ҳалок шуда, ин ҳокими кишвар Ҳамад бин Исо ал-Халифаро маҷбур кард, тавассути телевизион изҳори ҳамдардӣ кунад ва омодагиаш ба таҳқиқи қазияро нишон диҳад.
Баҳрайн мақари артиши панҷуми дарёии Амрикост ва Вошингтон аз хушунатҳои ахир дар ин кишвар изҳори нигаронии амиқ кардааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филип Кровлӣ ҳама ҷонибҳоро дар Баҳрайн ба хештандорӣ даъват кард.
XS
SM
MD
LG