Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии тазоҳургарон бо пулис дар Бенғозӣ


Бино ба хабарҳои расида, имрӯз байни тазоҳургарон ва пулис дар шаҳри Бенғозии Либия задухӯрдҳо сурат гирифтааст. Шоҳидон ва матбуоти маҳаллӣ мегӯянд, издиҳоми хашмгин аз боздошти як ҳомии ҳуқуқ бо пулис ва тарафдорони давлат вориди даргирӣ шудааст. «Қурино», як рӯзномаи чопи Бенғозӣ мегӯяд, ҳудуди 10 нафар, бо шумули афсарони пулис, захмӣ шудаанд. Ин нахустин тазоҳурот дар Либия аз замони шурӯъи эътирозҳо дар кишварҳои арабист. Телевизиони давлатии Либия аммо раҳпаймоиеро намоиш медод, ки ба тарафдорӣ аз раҳбари ин кишвар Муаммар Қаззофӣ дар пойтахт, шаҳри Троблус созмон додаанд.
XS
SM
MD
LG