Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нави куммисиюни забони қирғизӣ таъин шуд


Раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева Рискелдӣ Момбековро раҳбари нави куммиссиюни забони давлатӣ таъин кард. Момбеков дар моҳҳои аввали баъди суқути давлати Қурмонбек Боқиев вазири фарҳанг ва қабл аз он сардабири рӯзномаи «Форум» буд. Отунбоева дар ҳафтаи гузашта Азимҷон Иброҳимовро аз маснади раиси куммиссиюни забон барканор кард. Манобеъи наздик ба дафтари ӯ бидуни бурдани ном гуфтанд, ки Иброҳимов ба маҳзи барномаи табдили номҳои ҷуғрофии русӣ сабукдӯш шудааст. Ин манобеъ чунин барномаи дерусификатсияро муноқиз бо азми Бишкек барои истиқрори равобити ҳасана бо Маскав медонанд. Русҳо феълан зери 10 фоиз аз 5,2 миллион ҷамъияти Қирғизистонро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG