Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду зан барои пахши шабномаҳо


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз боздошти ду зан бо иттиҳоми ширкат дар фаъолиятҳои тундгароӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Раҷабгул Салимоваи 39-сола, сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ва Раъногул Акобироваи 33-сола, сокини ноҳияи Файзобод, ки сатрпӯш будаанд, баъд аз паҳн намудани 43 варақаи даъват ба фаъолиятҳои ифротгароӣ боздошт шудаанд.

Оқои Асадуллоев афзуд: "Мутаассифона, ширкати занони Тоҷикистон дар созмонҳои тундгаро ва террористӣ солҳои ахир ба назар мерасад ва раҳбарони ин созмонҳо аз заъфи маърифати ҳуқуқии занони кишвар истифода мекунанд."

Парвандаҳои марбут ба созмонҳои тундгаро ва террористӣ дар Тоҷикистон умдатан аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд. Дар тамос бо Радиои Озодӣ масъули ин ниҳод гуфт, ки то собит шудани ҷурми боздоштшудагон тафсилот нахоҳанд дод.

Тибқи омори расмӣ, тайи солҳои ахимр ҳудуди 30 зан дар Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористиву тундгаро боздошт шудаанд.

Файзинисо Воҳидова, аз Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон дар Хуҷанд ва вакили дифоъи ду парвандаи марбут ба занони узви «Ҳизби таҳрир» мегӯяд, тайи солҳои 2006 то 2008 дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳудуди 20 зан ба мӯҳлатҳои аз 9 то 12 сол равонаи зиндон шуданд.
Хонум Воҳидова афзуд: «Шахсан шоҳиди он ҳастам, ки аз он солҳо то ба ҳол зане бо иттиҳоми узвият дар «Ҳизби таҳрир» маҳкум нашудааст. Новобаста аз он, ки ҳомиладор буданду фарзандони хурдсолу ширмак доштанд, додгоҳ ба онҳо хеле ҷазоҳои сангин дод. То ба ҳол ҳукми дигаре содир нашудааст.»

Ба қавли хонум Воҳидова, бар асоси Қонуни афви солҳои 2007 ва 2009 ҳамаи ин занҳо озод шуданд. Дар миёни занони авфшуда дар соли 2007 се зан - Муҳайё Қаюмова, Мухтасархон Мадаминова, Валияхон Ҳасанова, сокинони ноҳияи Исфара, ки бо ҷурми ҳамдастӣ бо аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ба 10 то 11 соли ҳабс маҳкум шуда буданд, низ шомил ҳастанд.

Аммо ба иттилои расмӣ, яке аз онҳо - Мухтасархон Мадаминова аз се як кушташудаи амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон алайҳи аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон дар мавзеъи Чилдухтарони ноҳияи Исфара аст, ки тибқи манобеъи дигар, худро инфиҷор додааст. Шавҳари ӯ Расул Охунов, ки соли 2006 дар як амалиёти вижа кушта шуд, сокини вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, аз наздикони Тоҳир Юлдошев, раҳбари собиқи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва раҳбари бахши суғдии ин созмон муррифӣ шуда буд.

Ҷуғрофиёи "тундравон" васеъ мешавад?

Аммо ҷуғрофиёи ширкати занон дар созмонҳои мамнӯъ бо вилояти Суғд маҳдуд намешавад. Бо шумули боздошти охирин дар пойтахти Тоҷикистон, моҳи декабри соли гузашта мақомот иттилоъ доданд, ки аввалин маротиба дар вилояти Хатлон чор зани сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтарро, ки ҷавонтарини онҳо Шарофат Азизова 23-сол ва калонсолтаринашон Зебуннисо Пирхонова 37-сол доранд, бо иттиҳоми пайравӣ аз “Ҷамоаи таблиғ” боздошт кардаанд.

Коршиносон бар фаро рафтани ҷуғрофиёи боздоштҳо ишора мекунанд, ки умдатан манотиқи ҳамворинишини кишвар, қабл аз ҳама, шаҳрҳоро дарбар мегирад.

Ҳуринисо Ғаффорзода, сарвари созмони ҷамъиятии «Оштии миллӣ» дар водии Рашт мегӯяд, дар қиёс бо манотиқи кӯҳистон, дар шаҳрҳо, ки таҷаммӯъи мардум бештар аст, мардум якдигарро намешиносанд ё назорати ҳаракатҳои онҳо аз сӯи мақомот имконнопазир аст, пеш бурдани фаъолияти созмонҳо соддатар аст:

«Масалан, дар Душанбеву атрофи он, вилояти Суғду қисмате аз Хатлон бонувон ба монанди «Мушкилкушо», «Бибисешанбе» ё «Бибичоршанбе» маросимҳое доранд, ки ба ислом рабте надорад, аммо ҷои таҷаммӯъи занон аст ва аз сӯи таблиғгарон истифода мешаванд.»

Аммо Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, мушкили ба созмонҳои тундгаро ва террористӣ ҷалб шудани занонро аз лиҳози ҷуғрофиёӣ набояд маҳдуд кард, зеро дар манотиқе, ки ҳоло мавриди назаранд, замоне он набуд:

«Ҳукм кардан мумкин нест, ки занҳои манотиқи кӯҳистон оқилтар ҳастанду ба ин созмонҳо ҳамроҳ намешаванд. Вақташ ояд, онҳо ҳам дар амалиётҳо ширкат мекунанд, агар ҳоло эътибори зарурии тарбиявӣ надиҳем. Зеро душвориҳои зиндагӣ занро маҷбур мекунад, ки таҳти тарғиботи созмонҳои мамнӯъ равад.»

Хонум Иноятова далели ба созмонҳои мамнӯъ ҳамроҳ шудани занони Тоҷикистонро аз адами идеологияи давлатӣ, мушкилоти иҷтимоӣ, заъфи маориф ва дониши динии ҷомиа медонад, ки ба қавли ӯ, дар ҳоли ислоҳ нашудан боз дардисарҳои навро эҷод хоҳад кард.

Аммо модари яке аз заноне, ки ҳамроҳи шавҳараш бо иттиҳоми узвият дар «Ҳизби таҳрир» боздошт шудаанд, мегӯяд, онҳо зиндагии хоксорона доштанд ва музде ҳам аз касе намегирифтанд: «Духтарам кӯдак нигоҳ мекард. Хонашин буд. Шавҳараш аз зиндон баромада буд. Устогӣ мекард. Инҳо чӣ гуноҳ доранд? Қуръон мехонад ку? Бачаҳои бегуноҳро боздошт мекунанд. Аз Худо наметарсанд?»

Файзинисо Воҳидова мегӯяд, ҳамаи заноне, ки дар вилояти Суғд бо Ҳизби таҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон робита доштанду доранд, сабабҳои хонаводагӣ дорад: «Касе аз онҳо пушаймонӣ намехӯрд дар додгоҳ. Зеро онҳо медонистанд, ки агар пушаймонӣ кунанду аз ин роҳ баргарданд, шавҳаронашон онҳоро намебахшанд ва оилаашонро аз даст медиҳанд. Шавҳар пеши онҳо шарт гузоштааст, ки бо кадом амале, ки машғул бошад, зан ҳам бояд аз ӯ пайравӣ кунад»

Маҳмадсаид Насимов, муовини додситони шаҳри Қӯрғонтеппа низ мегӯяд, шавҳарони занони дар ин вилоят боздоштшуда низ аз пайи шавҳарони хеш ба «Ҷамоаи таблиғ» пайвастаанд: «Ҳатто зани тоҷик гумроҳ шуда даст ба чунин ҷиноятҳо мезанад. Сабаби аввал, гумроҳӣ, дуюм, шавҳаронашон, сеюм, сатҳи пасти зиндагӣ аст. Маълумоти расмӣ нест, то ба ҳол собит нашудааст, аммо «Ҷамоаи таблиғ» дастгирии моддӣ аз хориҷ мебинад».

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир занони Тоҷикистон умдатан барои роҳандозии барномаҳои таблиғии созмонҳо, аз қабили даъват ва пахши шабномаҳо истифода мешаванд, вале дар дарозмуддат истифода шудани онҳо дар амалиёти интиҳорӣ ва низомӣ, ба монанди Чеченистон низ баъид нест.
XS
SM
MD
LG