Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи 38,8 миллион доллар кумаки Амрико ба Душанбе


Кохи Сафед дар тарҳи будҷаи давлатии Амрико барои соли 2012 ба манзури идомаи кумак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 112,8 миллион доллар дархост кардааст, ки назар ба 130 миллион доллар кумаки дар соли 2010 ба кишварҳои ин минтақа расондаи Вошингтон 13,6 дарсад камтар мебошад. 80 миллион доллар аз ин кумакҳо барои танҳо ду кишвари Осиёи Марказӣ –Тоҷикистон ва Қирғизистон ихтисос ёфта, вижатан барои Душанбе дар ин тарҳи будҷа 38,8 миллион доллар кумак дархост шудааст.
Коҳиши ҳаҷми кумакҳо ба кишварҳои хориҷӣ бахше аз барномаҳои зиддибуҳронии маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хонда мешавад, ки талош дорад, хароҷоти федеролиро ҳаддалимкон камтар кунад.
XS
SM
MD
LG