Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафирони ИА ҳамла ба Сайфуллоҳзодаро маҳкум карданд


Раҳбарони ҳайъатҳои дипломатии Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ҳамла ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сардабири «Наҷот», нашрияи ин ташаккули умдаи мухолифинро шадидан маҳкум карданд. Сафирони Аврупо ин амалро ҳамлае бидуни тавҷеҳ ва бераҳмона ба озодии изҳори ақидаи сиёсӣ номида, хостори таҳқиқи фарогири қазия ва ба масъулият кашонидани масъулонаш шудаанд. Сафири Бритониё Тревор Мур низ дар мулоқот бо раиси наҳзат Муҳиддини Кабирӣ аз ин ҳамла изҳори ташвиш кардааст.
Сайфуллоҳзода рӯзи 7 феврал дар назди манзилаш ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт ва феълан дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG