Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст"


Барак Обама, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Барак Обама, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Раисҷумҳури Амрико гуфт, раҳбарони худкома ба зӯр қудратро нигаҳ дошта наметавонанд ва бояд бипазиранд, ки “ҷаҳон дар ҳоли тағйир” аст.

Барак Омаба дар хитоб ба раҳбарони худкома гуфт: "Шумо қудратро аз роҳи таҳдиду зӯрӣ идома дода наметавонед. Дар ҳар ҷомеае бояд ризоияти умумӣ вуҷуд дошта бошад. Ва ин амр ба вижа дар давраи ҳозир муҳим аст, ки мардум бо якдигар иртибот барқарор мекунанд ва на аз тариқи як давлатӣ марказӣ ва ё телевизиони давлатӣ, балки бо истифода аз телефонҳои ҳушманд ва ё Твиттер, ки метавонанд садҳо ҳазор нафарро басиҷ кунанд."

Ҳокимони дарозумр ва хатарнок барои кишвар

Барак Обама дар ин нишасти хабарии яксоааташ дар шаҳри Вашингтон ҳамчунин аз мавзеъгирии ҳукуматаш дар қиболи тазоҳуроти тақрибан сеҳафтаина дар Миср ҳимоят кард, ки ин тазоҳурот Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Мисрро маҷбур кард, баъди сӣ соли ҳукмронӣ аз мақомаш биравад. Инқилоби Миср бо илҳом аз қиёми мардуми Тунис сурат гирифт, ки дар онҷо ҳам мардум раиси ҷумҳурро маҷбур карданд, аз кишвар бигурезад. Аз рӯйдодҳои ин ду кишвар дар Баҳрайну Яман ва Сурияву Либия низ илҳом гирифтанд, ки мардум талаб доранд, то ҳокимони дарозумри истибдодӣ бираванд. Мавҷи тазоҳурот дар Ховари Миёна як навъ безорӣ аз ҳокимони араб аст, ки солҳои тӯлонӣ бо як даст дар гӯлу ва як даст дар ҷайби мардум, кишварҳояшонро идора мекунанд.

Барак Обама дар идомаи сӯҳбаташ аз ҳокимони худкома хост ба хостаҳои мардуми худ гӯш диҳанд: “Мо ҳатто пеш аз тазоҳурот дар Миср ҳам ба дӯст ва ҳам ба душман паём фиристодем, ки ҷаҳон дар ҳоли дигаргунист. Шумо насли ҷавону чолок ва пуртаровате дар Ховари Миёна доред, ки ба фурсатҳои бузургтаре чашм дӯхтаанд, ва агар шумо дар ин кишварҳо ҳукумат мекунед, бояд хостаҳои онҳоро пешбинӣ кунед. Шумо наметавонед аз маҷро ақиб биафтед."

Доман задани эътирозҳо дар Ховари Миёна

Бо ишора ба фаъол шудани мардум дар кишварҳои арабӣ, Барак Обама ба ҳокимони ин кишварҳо ҳушдор дод, бо тазоҳургарон оромона рафтор кунанд. Вай афзуд, Амрико ҳамеша аз ҳуқуқи мардум барои озодии баён ва ҳаққи гирдиҳамоӣ ҳимоят мекунад, ки ин ба мардум имкон медиҳад, дарду мушкилоташонро ба ҳукуматҳо бирасонанд. Барак Обама, ҳукумати Эронро барои саркӯбии бераҳмонаи тазоҳургарон интиқод кард ва гуфт, ҳукумати Эрон аз тазоҳургарони Миср ҳимоят кард, аммо вақте навбати мардуми худаш расид, аз зулму ситам истифода кард. Тазоҳуротҳои зиддиҳукуматӣ ахиран дар Баҳрайн низ доман паҳн кард, ки дар ин кишвари ним миллионнафарӣ тақрибан нисфашон муҳоҷирони кории хориҷӣ ҳастанд. Ин кишварро Шоҳ Ҳамад Бин Исо Ал Халифа ва хонаводаи салтанатии ӯ идора мекунад, ки аксарият суннӣ ҳастанд, аммо 70 дар сади аҳолии Баҳрайн шиъамазҳаб аст. Рӯзи сешанбе тақрибан 10 ҳазор тазоҳургар ба хиёбонҳои шаҳри Манома пойтахти Баҳрайн рехта ва хостори суқути ҳукумати ин кишвар шуданд. Онҳо мегуфтанд, "мо на суннӣ ва на шиъа ҳастем, мо танҳо озодӣ мехоҳем." Дар Яман низ тазоҳургарони хашмгин бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Тавсияҳои Барак Обама ба раҳбарони худкома

Барак Обама, ба ҳокимони чунин кишварҳо, ки таҳти фишори мардум қарор гирифтаанд, чанд тавсия ҳам дод, вале гуфт, Амрико ба онҳо дикта карда наметавонад, зеро дар ниҳояти амр, ин кишварҳои мустақил ҳастанд: "Ба андешаи ман, роҳи дастёбӣ ба амният дар минтақа ин аст, ки ҷавонон, тӯдаҳои мардуми оддӣ, ин эҳсосро дошта бошанд, ки роҳе барои таъмини хонаводаҳояшон вуҷуд дорад, роҳ барои кори муносиб, таҳсил ва иҷрои орзуҳо вуҷуд дорад. Агар ин ҳукуматҳо барои фароҳам кардани чунин шароиту фурсатҳо иқдомотеро рӯи даст бигиранд, ҳамон қадар кишварҳояшон босуботтар хоҳад буд."
XS
SM
MD
LG