Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ дар Эрон


Ба думболи тазоҳуроти рӯзи душанбе дар Теҳрон чандин нафар аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ, хабарнигорон ва фаъолони мухолифин дар Эронро боздошт кардаанд. Дар чанд шаҳри Эрон рӯзи душанбе ҳазорон нафар бо илҳом аз қиёмҳои Тунис ва Миср тазоҳурот карданд, ки ин тазоҳурот ба хушунат печид ва маъмурони амниятӣ ҳам даҳҳо нафарро боздошт карданд. Ба гузориши Радиои Фардо қабл аз ин раҳпаймоиҳо мақомот чанд шахсияти шинохта аз ҷумла Муҳаммад Ҳусейн Шарифзодагон, узви собиқи ҳукумат, Мустафо Мир Аҳмадизода, рӯҳонии дигарандеш, Ёдуллоҳ Исломӣ, вакили собиқи порлумон ва Майсам Муҳаммадӣ, хабарнигори эрониро боздошт кардаанд. Додситони кулли Теҳрон гуфтааст, ин афрод ба далоили амниятӣ дастгир шуданд.
XS
SM
MD
LG