Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба тазоҳурот дар Эрон


Дар тазоҳуроти рӯзи душанбе дар Эрон як нафар аз мӯътаризон кушта шуд
Дар тазоҳуроти рӯзи душанбе дар Эрон як нафар аз мӯътаризон кушта шуд

Бархе аз таҳлилгарони умури сиёсӣ дар Тоҷикистон аз бархӯрди мақомоти Эрон бо мухолифин интиқод мекунанд.

Абдуғаффори Камол, коршиноси мустақили тоҷик, мегӯяд, ҳукумати Эрон, ки натавонист пеши роҳи мухолифинро бигирад ҳамроҳ бо пуштибонӣ ёфтан аз Ғарб, эътимод ба нафс ба худро дар мухолифин бештар кард.

“Агар ҳукумати Эрон ба мухолифин иҷозаи расмии роҳпаймоӣ медод, онҳо таи се- чаҳор соат таҷаммӯъ мекарданд, шиорпартоӣ менамудан ва изҳори ҳамраъйӣ ба мардуми Миср мекарданду хона ба хона мешуданд. Вале вақте ки инро нагузоштанд, сарони мухолифин боэътимодтар шуданд ва боз Амрико ба онҳо чароғи сабз дод. Акнун онҳо мехоҳанд мардумро ҷамъ оранд ва мисли Миср тазоҳуроти ғайриқонунӣ анҷом диҳанд”,-афзуд ӯ.

Абдуғаффори Камол, коршиноси тоҷик
Ба назари раиси шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, Худойбердӣ Холиқназаров, агар ҳукумати Эрон бо мухолифин забон наёбад ва иҷозаи расмии роҳпаймоӣ надиҳад, дар идома вазъи сиёсии Эрон буғранҷ хоҳад шуд.

Ҷаноби Холиқназаров афзуд, “ин ба майдон рехтанҳои мухолифин идомаи эътирозҳои давраи интихоботии Эрон аст. Ин эътирозҳо мушкилоти дохилии ҷомеаи Эронро нишон медиҳад. Иҷозат надодан барои роҳпаймоиҳо ва маҳдуд кардани хостаҳои мардум вазъро боз печида мекунад. Агар ҳукумати Эрон бо мухолифин музокира кунад ва муваффақ шавад, шояд аз сар задани нооромиҳо ҷилагирӣ карда шавад.”

Бо ин вуҷуд, бархе дигар аз таҳлилгарон вазъи Эронро аз Миср комилан мутафовит медонанд ва низ мегӯянд, “мухолифини Эрон мисли мухолифин дар Миср қавӣ нестанд.”

Таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад ба ин бовар аст, ки ба хеҷ ваҷҳ Эрон ба вазъи Мисру Тунис рӯ ба рӯ нахоҳад шуд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Эрон худкома нест, дар Теҳрон интихоботҳо то ҳадде демократӣ сурат мегиранд ва парлумон ҳамеша фаъол буда, иштибоҳҳои ҳукуматро шадидан танқид мекунад.

Қосими Бекмуҳаммад такрори таҳаввулоти Миср дар Эронро баъид медонад
"Эрон кишварест, ки дар он ҷо Қонуни асосӣ нақз намешавад ва ҳаргуна интихобот дар замони таъйиншуда бо ҳузури бисёр пурранги мардум баргузор мешавад"
,-илова кард ҷаноби Бекмуҳаммад.

Ба ин тартиб аксари сиёсатмадорон ва таҳлилгарони масоили сиёсии Тоҷикистон ба ин назаранд, ки ҳаводи Тунису Миср ба мухолифини ҳукумати Эрон илҳом бахшидааст, вале бо эътирози якрӯзаи мухолифин дар Теҳрон аз такрори нооромиҳои Миср ва аз идомаи пайдо кардани инқилоби сабз дар ин кишвар ва ё тағйири вазъи сиёсӣ дар Эрон ҳадс заданро андаке барвақт меҳисобанд.

Бо ин вуҷуд, иҷоза надодани ҳукумат барои баргузории як роҳпаймоӣ ҳазорҳо мухолифро ба хиёбонҳои Теҳрон овард, ки шиорҳои онҳо нахуст алайҳи Аҳмадинажод баланд шуда, сипас ба шиорҳои "На Ғазза, на Лубнон, Тунису Мисру Эрон" ё "Хоманаӣ ҳаё кун, Муборакро нигоҳ кун" табдил ёфт.
XS
SM
MD
LG