Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Миср ба ваъда содиқ хоҳанд монд


Шӯрои олии низомӣ, ки баъд аз истеъфои Ҳуснӣ Муборак қудрат дар Мисрро соҳиб шудааст, эълом дошт тайи даҳ рӯзи наздик тарҳи тағйирот ба Қонуни асосиро пешниҳод хоҳад кард. Миёни аъзои комиссиюни таҳрири Қонуни асосӣ намояндаи созмони то ҳанӯз мамнӯъи “Ихвон-ул-Муслимин” низ ҳаст. Татбиқи Қонуни асосии Миср баъд аз истеъфои Муборак мутаваққиф шуд.

Тарҳи Қонуни асосӣ ба раъйпурсии умумимардумӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Низомиён бори дигар эълом доштанд, ки ба ваъда содиқ мемонанд ва интихоботи озод ташкил карда тӯли шаш моҳи оянда қудрат дар Мисрро дар ихтиёри ҳукумати мулкӣ мегузоранд.

XS
SM
MD
LG