Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бордюжа: “Рӯйдодҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамрешаанд.”


Николай Бордюжа дар Душанбе, 2 июли соли 2010
Николай Бордюжа дар Душанбе, 2 июли соли 2010

Дабири кулли СПАД рӯйдодҳои соли гузаштаи Қирғизистон ва Тоҷикистонро ҳалқаҳои як занҷир номид.

Дар сафари серӯзааш ба Қирғизистон Николай Бордюжа
кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД)ро ба ҳамоҳангии талошҳо ва ҳамандешӣ дар мубориза бо тундгароӣ даъват кард, аммо шарҳ надод, ки зери мафҳуми “ҳалқаҳои як занҷир” чиро дар назар дорад.

Дар дидор бо сарвазири Қирғизистон Алмосбек Атамбоев ва ноиби сарвазир Шомил Отахонов, Бордюжа аз имкониятҳои такмили ихтисоси кормандони ниҳодҳои интизомии Қирғизистон сӯҳбат кард ва ҳамчунин бо вазъи кори ин ниҳодҳои кишвари мизбон ошно шуд.

Вай гуфт: “Зарур аст, барои боло бурдани сатҳи касбии кормандони ниҳодҳои қудратии Қирғизистон аз имкониятҳои СПАД ба таври комил истифода бурда шавад.”

Сафари Бордюжа ба Бишкек дар ҳоле ҷараён дорад, ки раҳбарияти сиёсии Қирғизистон хостори густариш ва таҳкими равобиташ бо Паймони амнияти дастаҷамъист.

Сарвазири Қирғизистон Алмосбек Атамбоев баъд аз мулоқот бо Бордюжа гуфт, “Мо аз ҳадаф ва таъиноти СПАД ба таври комил пуштибонӣ мекунем, зеро ин талошҳо ба таъмини сулҳ ва субот дар минтақа нигаронида шудаанд. Қирғизистон ба ширкати фаъолона дар барномаҳои СПАД барои таъмини амният омодааст.”

Дабири кулли созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ изҳор дошт, ки ниҳоди мазкур бояд ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақа бо назардошти рӯйдодҳои соли гузаштаи Қирғизистон ба мавқеъгирии муштарак даст ёбанд.

Вай афзуд: “Дар навбати худ сатҳи ҳамгироӣ ба сатҳи ҳирфаии тарафҳо бастагӣ хоҳад дошт. Дар пасманзари тавоноӣ ва шумораи нерӯҳои Русия, мушкилоти ниҳодҳои қудратии кишварҳое чун Қирғизистон ва Тоҷикистон махсусан возеҳ ба назар мерасад.”

Бо зикри ин нукта Бордюжа имкониятҳои омӯзишу тамрин дар чаҳорчӯби барномаҳои СПАД-ро пеш гузошт ва изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои узв аз ин имконият истифода хоҳанд кард.

Ба ақидаи таҳлилгарон, тамрину омӯзониш дар ҳоли ҳозир аз он фишангҳои ками СПАД мебошанд, ки он метавонад ба кишварҳои узв монанди Қирғизистон ва Тоҷикистон пешниҳод кунад. Пештар дар мусоҳиба бо “Азаттык» вазири умури хориҷии Қазоқистон, кишвари дигари узви СПАД гуфт, “рӯйдодҳои моҳи июни Қирғизистон нишон доданд, ки СПАД имкониятҳои воқеии кӯмаки таъҷилӣ ба кишварҳои узавшро надорад.”
XS
SM
MD
LG