Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи Баҳрайн ба пайвандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард


Шоҳи Баҳрайн Ҳамад ал-Халифа дар як паёми телевизионӣ ба пайвандони ду шиамазҳаби дар задухӯрд бо полис кушташуда изҳори ҳамдардӣ кард. Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки барои тафтиши ин ҳодисаҳо комиссиюни вижа таъсис мекунад.

Имрӯз маросими ҷанозаи як шиамазҳаби 31-сола, ки дар задухӯрд бо кормандони полис кушта шудааст, боиси эътирозҳои нави оммавӣ гардид. Ин мард ҳангоми пароканда шудани маросими дафни дигар аз ширкаткунандагони намоиши эътирозии рӯзҳои қаблӣ ба ҳалокат расид.
Намояндагони мухолифин, ки асосан аз аққалияти шиамазҳабанд, тавассути шабакаҳои иҷтимоии Интернет мардумро алайҳи шоҳи суннимазҳаб ба майдон мехонанд.

Намоишҳои эътирозӣ дар Баҳрайн зери таъсири ошӯбҳои мардумӣ дар Тунису Миср шурӯъ шуданд.

XS
SM
MD
LG