Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Додситонии кулл


Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия дар як нома унвонии Додситонии кулли кишвар хостори тафтиши изҳороти ёвари раиси додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав Наталия Василева шуданд. Хонум Василева гуфтааст, ки додрас Виктор Данилкин ҳукми раҳбарони пешини ширкати ЮКОС Михаил Ходорковский ва Платон Лебедевро бо амр ва зери назорати Додгоҳи шаҳри Маскав навиштааст. Виктор Данилкин ин гуфтаҳоро чун тӯҳмат арзёбӣ кардааст.

30 декабри соли гузашта додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав Михаил Ходорковский ва Платон Лебедевро аз рӯи парвандаи дуввуми ҷиноӣ ба 13-у нимсолии зиндон маҳкум кард. Онҳо дар яғмои 218 миллион тонна нафт ва “шустушӯ”-и 30 миллиард доллар муттаҳам шуданд. Гуфта мешавад, ки бо назардошти ҳукми додгоҳ аз рӯи парвандаи аввал дар соли 2005 онҳо дар маҷмӯъ 14 солиро дар маҳбас сипарӣ хоҳанд кард.

Додгоҳ мӯҳлати маҳрумият аз озодии Ходорковский ва Лебедев аз замони боздошт дар соли 2003-ро низ ба инобат гирифт ва аз ин рӯ, мӯҳлати ҳабси онҳо соли 2017 поён хоҳад ёфт.


Зери нома ба Додситонии кулли Русия ҳомиёни ҳуқуқи башар Людмила Алексеева, Лев Пономарев, Олег Орлов ва дигарон имзо гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG