Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносон мегӯянд, тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз нашрияҳои камдаромадро муфлис хоҳад кард.

Бино бар ин ислоҳот, акнун нашрияҳо маҷбур хоҳанд буд, аз рӯи маоши ҳадди ақал -- 562 сомонӣ ба буҷаи давлат молиёт пардозанд ва ҳам андози арзиши изофа диҳанд.

То кунун корхонаҳое арзиши изофа месупурандд, ки ҳаҷми умуии гардиши пулии онҳо дар сол 800 000 сомониро ташкил медод. Аммо ин меъёр то 200 000 коҳиш дода шуд. Дар ҳоле ки бо таваҷҷӯҳ ба мизони болои таваррум ё инфлятсия бояд ин ҳадди ақал коҳиш намеёфт, балки боло бурда мешуд.

Акнун ба ин қатор нашрияҳои мустақил, ки солона 52 шумора ва ҳафтае то як то даҳ ҳазор нусха нашр мешаванд, шомил хоҳанд буд.

"Ниқоргирӣ аз матбуот"?

Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи "СССР", чунин муносибат ба матбуотро амдӣ ва ҳатто як навъ сӯиқасди бархе аз мақомот ба матбуот медонад.

Ӯ мегӯяд, ҷорӣ шудани андози изофӣ миёни матбуоти мустақил ва озоди Тоҷикистонро хоҳад шикаст: "Нашрияҳои Тоҷикистон бе ин ҳам тоби рақобат бо расонаҳои хориҷро надоранд. Аммо ин андозҳо якбора миёншикани матбуоти бе ин ҳам заифи мо мешавад. Дар Дания, Шведсия, Шветсария ва дигар кишварҳо давлат ба матбуот кӯмакпулӣ медиҳад. Дар мо баръакс ба назар мерасад ва ин иқдом ҳам як навъ ниқоргирии ду-се мансабдори фосид аст, ки бо ҳамин роҳ мехоҳанд садди роҳи матбуоти озод бишаванд."

"Нашрияҳо муфлис мешаванд"

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, нукоти нави Кодекси андоз матбуоти Тоҷикистонро дар дуроҳаи бӯҳронӣ қарор додааст. Ӯ мегӯяд, аз суханони масъулони нашрияҳо бӯи навмедӣ меояд ва онҳо ду роҳ дар пеш доранд: яке бастани нашрияҳо қабл аз муфлисшавӣ ва ихтисори зиёди кормандонашон.

Аммо оқои Қаршибоев мегӯяд, масъулони расонаҳо ва созмонҳои дигари ғайридавлатӣ мехоҳанд ин масъаларо дар назди мақомот матраҳ намоянд ва роҳи ҳалле барои он ҷустуҷӯ кунанд.

Қарз болои қарз

Тибқи як муқаррароти дигар акнун нашрияҳо маҷбур ҳастанд, ҳатто дар сурати поин будани миқдори маоши моҳони кормандонашон нашрияҳои мустақил, аз рӯи ҳисоби 562 сомонӣ молиёт бисупоранд.

Ҷорӣ шудани ин муқаррарот хосса ба вазъи нашрияҳое, ки ҳудуди се моҳ аз нашр боз монда буданд, таъсири сӯ хоҳад гузошт. Масъулини ин нашрияҳо мегӯянд, ки бозмондани онҳо аз нашр боис ба афзоиши қарзи нашрияҳо аз матбаа ва иҷораи дафтар шудааст.

Ба ҳамин сурат, нашрияҳои мустақил, ки чанд моҳи гузаштаро дар тарси афзоиши фишори мақомот ва бозмондан аз нашр пушти сар кардаанд, дар рӯбарӯи тарси дигаре, ба номи муфлисшавӣ қарор гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG