Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои Ҷоми Рустам Долтабоев


Cабқати минтақаи шаҳри Душанбе барои Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев, футболбози маъруфи тоҷик, бо ширкати 10 даста дар варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Дар даври севуми мусобиқа «Энергетик”-и Душанбе бар дастаи ҷавонони “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат бар тими ҷавонони “Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби якхелаи 5:0 пирӯз шуданд. Дастаи аслии “Регар-ТадАЗ” ба дарвозаи “Локомотив”-и Душанбе 5 голи беҷавоб зад. “Гвардия”-и Душанбе тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб пас аз натиҷагирии се даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” тими “Регар-ТадАЗ-1”-и Турсунзода бо 6 имтиёз аз 2 бозӣ пешқадам аст. Ду дастаи шаҳри Душанбе - “Локомотив” ва “Гвардия”, ки ҳар кадом 3 бозӣ анҷом додааст, бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуввуму севум қарор доранд.

Дар сабқати гурӯҳи “Б” тими “Энергетик”-и Душанбе, ки дар се бозӣ ғалаба кардааст, бо 9 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. “Энергетик” сарфи назар аз натиҷаи бозии охирини гурӯҳӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат” бо 6 имтиёз аз 2 бозӣ дар ҷои дуввум аст.

Бозиҳои даври 4-уми мусобиқа рӯзҳои 16-ум ва 17-уми феврал баргузор мешаванд.

Натоиҷи бозиҳои давраҳои дуввуму севуми мусобиқа:

«Локомотив» (Душанбе) – «Гвардия» (Душанбе) - 2:2, «Шодмон” (Ҳисор)– ССКА «Помир» (Душанбе) - 4:3, «Хайр» (Ваҳдат) – РШВСМ (Душанбе) – 8:0, «Энергетик» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ-2» (Турсунзода)- 3:0, “Гвардия» - «Шодмон» - 2:0, “Регар-ТадАЗ-1” - “Локомотив” - 5:0, “Истиқлол-2” - “Энергетик» - 0:5, «Регар-ТадАЗ-2» - «Хайр» - 0:5.

Гурӯҳи “А”

“Регар-ТадАЗ-1” 2 2 0 0 10-0 6

“Гвардия” 3 1 1 1 4-7 4

“Локомотив” 3 1 1 1 4-9 4

“Шодмон” 2 1 0 1 4-5 3

ССКА “Помир” 2 0 0 2 4-6 0

Гурӯҳи “Б”

Энергетик” 3 3 0 0 15-0 9

“Хайр” 2 2 0 0 13-0 6

“Истиқлол-2” 2 0 1 1 0-5 1

“Регар-ТадАЗ-2” 3 0 1 2 0-8 1

РШВСМ 2 0 0 2 0-15 0

Даври 4-ум

16-уми феврал (чоршанбе)

ССКА - “Гвардия”

“Шодмон- “Регар-ТадАЗ-1”

17-уми феврал (панҷшанбе)

“Хайр” - “Истиқлол-2”

РШВСМ - “Регар-ТадАЗ-2”


Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, сабқати интихобӣ дар Душанбе то рӯзи 23-юми феврал идома хоҳад кард. Вай афзуд, Ҷоми Рустам Долтабоев, инчунин, дар минтақаи Хатлон шурӯъ шуд. Баъдан сабқати минтақаи Суғд оғоз меёбад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа, 8 дастаи беҳтарин (чаҳор даста аз минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон) дар марҳилаи ниҳоӣ, ки 3-юми март дар пойтахти кишвар шурӯъ хоҳад шуд, барои ба даст овардани Ҷоми Рустам Долтабоев рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG