Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрӯи бовафо, қурбонии ҷанг ва фақр


Зулайхо Исмоилова, муаллифи қисса
Зулайхо Исмоилова, муаллифи қисса

Ман Зулайхои Исмоил, сокини шаҳри Душанбе

Номи қиссаамро мехостам ба нақл аз як суруди мардумӣ "Диламро хун кунӣ ёр, зинда бошӣ..." гузорам ва ҳамин мисраъ маро бо қаҳрамони ин қиссае, ки ҳоло мехоҳам ҳикоят кунам, шинос кард. Ва ошноӣ бо ӯ ҳамчун намунаи олии садоқату покӣ ва сабурии зани тоҷик ангушти ҳайратро ба лабам бурд.

Соли 2007 ум буд. Роҳе, ки маро ҳар рӯз аз хона то ҷойи кор мебурд, аз канори бозори маҳаллаи 102-и пойтахт мегузашт. Як бегоҳ ҳангоми аз кор баргаштан барои харидани кабудиву чакка ба бозор даромадам. Бозор нисбат ба рӯзҳои дигар камодам буд.

Баногаҳ ба гӯшам овози маҳини сурудхонии зане расид. Ман ҷониби овоз баргашта, каме дуртар ҷавонзани моҳифурӯшро дидам, ки дар пешаш як табақ моҳии бирён ва дар дасташ ҷуроби нимтаёри пашмин. Зан чеҳраи зебову гарме дошт ва ман борҳо ӯро дар ин бозор дида ва моҳиҳои суп-сурхи бирёну иштиҳоварашро харидорӣ низ карда будам.

Ӯ банди бофтани ҷуроб ва андешаҳои худ, ҳузури атрофиёнро шояд пай ҳам намебурд,ки бо садои нимшунаво замзама мекард:

Гаҳе дар дил, гаҳе дар дида бошӣ,
Диламро хун кунӣ ёр, зинда бошӣ...


Ман ба ҷавонзан наздик шудаву баъди ҳолпурсӣ овозашро ситоиш кардам. Зан худро Гулрӯ муаррифӣ кард ва гуфт, баъзан худам нафаҳмида мемонам, ки суруд замзама мекунам. Ин кор баъзан ғами гарони диламро, ки ба кӯҳе шабоҳат дорад, сабуктар мекунад. Вақте аз Гулрӯ пурсидам, ки чӣ ғамест он? Гуфт бо як ҳарфу ду ҳарф баёнаш душвор аст. Ҳисси кунҷковии ману хоҳиши дил холӣ кардани Гулрӯ боло гирифт, ки маро ба хонааш ба меҳмонӣ хонд.

Сари як пиёла чой сӯҳбати мо гарм шуд. Гулрӯ нақл кард, ки ӯву шавҳараш Сафар, ҳамдеҳаву ҳамсолу ҳамсинф ва ба ҳам ҳанӯз дар айёми тифлӣ гаҳворабахш будаанд. Вақте калон шуданд, ба ҳам дил доданд ва хонадор шуданд. Таваллуди ду фарзанди ширину нозанин зиндагӣ ва дилбастагии онҳоро боз ҳам афзун кард, ки ҳатто бисёр касон ба онҳо ҳасад мебурданд.

Онҳо зодаи яке аз деҳаҳои сабзу хушманзараи ноҳияи Қубодиён будаанд. Вале тундбоди ҷанг ҳамроҳ бо хонаву дари обод, боғу роғи ҳосилхезашон, инчунин бахту тахт, меҳру садоқат, орзуву ормонашон бо худ бурд.

Дар ҷангҳои дохилӣ, ки ноҳияи Қубодиён низ, ноором гашту маркази даргириҳо, Сафар аз як пояш тир хӯрд ва як шабонарӯз дар кадом ҷои беодаме дар ҳолати беҳушӣ монд. Вақте ӯро пайдо карданд, ки хуни зиёде гум карда буд ва бо аҳволи ниҳоят вазнин ба беморхонаи марказии шаҳри Душанбе оварда шуд.

Гулрӯ ду кӯдаки хурдсолашро гирифту бо Сафар ба Душанбе омад. Бештар аз 3 моҳ сари болини Сафарро тарк накард. Шабу рӯзро дар як ҳуҷраи хурди беморхона, болои як курсии чӯбин гузаронд.

Шабе Сафар ба ҳуш омада чашм кушод ва рангу рӯйи паридаву чашмони ба косахонаашон фурӯрафтаи Гулруро дида, ашк рехт ва гуфт, худо хоҳад, ман бихезам, дигар намемонам, ки азоб кашӣ. Ҳама буду шудамро сарфи хушбахтии ту мекунам.

Пас аз 3 моҳ Сафарро ба хона ҷавоб доданд. Боз 3 моҳи дигар аз миён гузашту Сафар бе асобағал роҳ мерафтагӣ шуда буд, ки бо ваъдаҳои зиёде ба ҳамсару фарзандонаш ва баҳонаи набуди ҷойи кору маоши беҳтар дар ватан, қасди муҳоҷирати Русияро кард.

Шабе, ки субҳаш Сафар роҳакӣ шуд, ба назари Гулрӯ дарозтарин шаби умраш буд. То субҳ нахобид ва гиря кард. Мехост Сафарро аз азмаш боздорад, аммо натавонист. Сафар рафту тули ҳамагӣ як сол ба хона занг мезаду барои кӯдконаш каму беш пул мефиристод. Баъдан куллан онҳоро фаромӯш кард.

Яке аз ҳамдеҳагони Сафар хабар овард, ки Сафар зани рус гирифтааст ва он зан бо шарте ӯро бо хонаву ҷойи кор таъмин кардааст, ки аз занаш ҷудо мешаваду онҳоро дигар суроғ намекунад.

Ин хабар мисли як тағора хокистари тафсон буд, ки ба сари Гулру рехт. Сӯзу гудози ишқу бераҳмии ёр барояш он қадар сахт буд, ки аз хӯру хоб монда буд, ҳолаш гиря кардан буду халос, аммо дар умқи дил бовар надошт, ки Сафари ӯ ба ин содагӣ аз сари паймон гузаштаву аз ваю фарзандони дилбандаш рӯй гардонида бошад.

Гулрӯ баъд аз як соли расидани ин шумхабар, аз хешу табор пул қарз гирифта, ҳамроҳи ду фарзандаш ба Русия рафт, то як бор ба чашмони Сафар нигоҳ кунад.

Гулрӯ ки, то расидан ба назди Сафар дар дил мегуфт, кош дурӯғ бошад. Шояд пояш боз дар сардиҳои Русия дардаманд шудааст, ки наметавонад кор кунад ва пул ҳам надоштагист, ки ба хона занг занад. Вале бадгӯён ӯро шояд тӯҳмат карданд.

Вале вақте бо Сафар рӯбарӯ шуд, ҳама ин фикрҳояш ботил баромад. Сафар ӯву фарзандонашро бо чеҳраи гирифта пешвоз гирифт. Ва бо баҳонаи он ки чаро пешакӣ ӯро огаҳ накарда омадааст, бо ӯ ҷанҷол бардошт.

Гулрӯ ба чашмони Сафар, ки мехост нигоҳашро аз ӯ гурезонад, нигоҳ карду дарк намуд, ки ин он Сафари вай нест. Нигоҳаш, чашмонаш дастонаш, ҳарфҳояш ҳама бегонаанд ва ду фарзандашро гирифту чуноне ки омада буд, ҳамон тавр хомӯшу бесадо ба ватан баргашт.

Инак, аз миён қариб 20 сол гузашт. Сафар гоҳ-гоҳе ба хонаи падару модараш меояд ва ва ҳатто фарзандонашро хабар нагирифта, боз ба Русия бармегардад. Гулрӯ бошад, бо талаби падару модар аз Сафар талоқ гирифт, вале муҳаббати ӯро наметавонад аз дил берун кунад.Чуноне худаш мегӯяд, ӯ тамоми умри ҷавонашро сарфи ғами дурии Сафар кардааст.

Солҳост, ки дар бозор ба соҳибкории хурд машғул аст. Аз ин ҳисоб фарзандонашро калон кард. То қадри тавонаш онҳоро хононду оиладор кард. Дар шаҳр хона харид ва кӯшиш мекунад, ки ҳатто ба меҳмонӣ ҳам ба деҳаашон наравад, то хотироти айёми ҷавонӣ дар ӯ аз нав зинда нашавад ва ҷойҳои вохӯриашро бо Сафар дигар набинад.

Сафар солҳои охир кам-кам барои фарзандонаш пул мефиристад, вале аз онҳо боре ҳам намепурсад, ки модаратон чӣ ҳол дорад? Аммо ҳар бор, ки модари пири Гулрӯ, холаи Бибимоҳ, духтари ҳамеша ғамгину набераҳои зиндаятимашро дида оҳ мекашад ва Сафарро дуои бад карданӣ мешавад, Гулру зорӣ мекунад, ки очаҷон, илтимос дар ҳузури ман дуои бадаш накун, ки дилам намебардорад! Бигузор, ҳар куҷое бошад, саломат бошаду хушбахт!
XS
SM
MD
LG