Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Ҳилларӣ Клинтон аз "талошҳо"-и мардуми Эрон


Амрико дар ҳоле аз “талошҳо”-и мардуми Эрон ҳимоят кард, ки аъзои Маҷлис муҷозоти раҳбарони мухолифинро талаб кардаанд.

Рӯзи душанбе, 14-уми феврал, дар Эрон миёни нерӯҳои давлатӣ ва тазоҳуркунандагон задухӯрд ба амал омад, ки дар давоми як соли гузашта ин бузугтарин раҳпаймоӣ дар Эрон буд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, аз “талошҳо”-и мардуми Эрон ҳимоят кард, ки ба пайравӣ аз Мисру Тунис барои низоми “бози сиёсӣ” дар Эрон ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд.

Вай аз ин “ҷасорат”-и ҳазорон нафар эътирозгарон дар шаҳрҳои мухталифи Эрон ситоиш кард.

Вазири умури хориҷии Амрико зимни сӯҳбаташ бо хабарнигорон, гуфт: "мардуми ҷасур дар хиёбонҳои шаҳрҳои мухталиф ба имконоте даст ёбанд, ки ҳамрадифони онҳо дар Миср ҳафтаи гузашта ба он ноил шуданд."

Аъзои Маҷлиси Эрон: "Марг ба Мусавӣ, Каррубӣ ва Хотамӣ"
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки Теҳрон аз намунаи Миср пайравӣ ва низоми сиёсии худро боз мекунад: "Мо аз ҳуқуқи бунёдии мардуми Эрон ҳимоят мекунем. Онҳо ба ҳуқуқе сазоворанд, ки дар Миср мушоҳида карданд ва он бахше аз ҳуқуқҳост, ки бо он ба дунё омадаанд."

Шиорҳои мардуми раҳпаймо бар зидди оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бо муқовимати нерӯҳои амниятӣ рӯ ба рӯ шуд. Нерӯҳо бар зидди раҳпаймоён ба ҳаво тир мекушоданд ва аз гази ашковар истифода мекарданд.

Дар ҷараёни задухӯрди нерӯҳо бо тазоҳуркунандагон як нафар кушта, даҳҳо нафар боздошт шудаанд. Хабаргузории “Форс” аз қавли муовини фармондеҳи пулиси Эрон навиштааст, дар ин тирандозиҳо як нафар кушта, чандин нафар, аз ҷумла 9 корманди нерӯҳои амниятӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Дар остонаи ин раҳпаймоӣ Мирҳусейни Мусавӣ ва Маҳдии Каррубӣ-раҳбарони мухолифон ба ҳабси хонагӣ гирифта шуданд ва ҳақ надоштанд аз хона берун раванд. Бино ба гузоришҳо, телефонҳои онҳоро низ қатъ карда буданд.

Мӯътаризон дар Эрон
Хабаргузории давлатии ИРНО гузориш додааст, ки намояндагони маҷлис ё парлумони Эрон хостори эъдоми Мусавиву Каррубӣ ва Муҳаммади Хотамӣ-раиси ҷумҳури пешини Эрон шудаанд. Алӣ Лориҷонӣ, раиси парлумони Эрон гуфт, душманони Эрон раҳбарони мухолифонро раҳгум занондаанд.

Вошингтон бар ин нукта ишора кардааст, ки Эрон аз як сӯ аз тазоҳуроти эътирозии Миср ҷонибдорӣ кардааст, вале аз сӯи дигар норозиёни сиёсиро дар кишвари худ саркӯб мекунад.

Виллям Ҳейг, вазири корҳои хориҷии Британиё гуфт, "мардуми Эрон метавонанд мисли мардуми Миср хостҳои худро дар бораи кишвари худ матраҳ кунанд."

Абдулло Гул, раиси ҷумҳури Туркия низ дар ҷараёни боздиди худ аз Эрон ҳушдор дод ва гуфт, "вақте раҳбарони кишварҳо ба хостҳои мардум таваҷҷӯҳ намекунанд, мардум худашон барои амалӣ шудани хостҳояшон даст ба кор мешаванд."

Гуфтугӯ бо Ҳилларӣ Клинтон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:44 0:00
Линки мустақим

XS
SM
MD
LG