Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Италия барои ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон


Мақомоти Италия Иттиҳодияи Аврупоро барои вокуниши, аз нигоҳи онҳо, на он қадар сареъ дар робита ба вуруди теъдоди бузурги муҳоҷирон аз Тунис танқид карданд. Гуфта мешавад, ки баъд аз шурӯъи нооромиҳо дар Тунис ҳазорҳо сокинони ин кишвар вориди ҷазираи Лампедузаи Италия шуданд.

Роберто Маронӣ, вазири умури дохилии Италия, изҳор намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба ин бӯҳрон омода набуд. Италия аз Брюссел хостааст, ки марзбонҳо аз оҷонси умумиаврупоии Frontex-ро барои ҳимояти марзҳои дарёӣ бо Тунис фиристад. Раҳбари ин Оҷонс Иллка Лайтинен ваъда дод, ки онҳо ба Италия кӯмак хоҳанд кард. Ӯ гуфт, ки "тайи чанд рӯзи ахир тақрибан 5 ҳазор нафар ба Лампедуза омадаанд. Миқёси ин раванд чунин аст, ки метавон дар бораи мушкили хеле ҷиддӣ ҳарф зад ва мо бояд барои боздоштани мавҷи муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҳама чораҳои зарурӣ кор бигирем".
Ба навиштаи хабаргузориҳо, раванди вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тунис ба Аврупо идома дорад.
XS
SM
MD
LG