Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар гузориши солонаи CPJ


Кумитаи дифоъ аз журналистон соли 2010-ро яке аз мушкилтарин давраҳои озодии баён шумурдааст.

Дар фасли марбут ба Тоҷикистон дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар моҳи январи соли 2010 бо шикояти ду додраси Додгоҳи олӣ ва як додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе се ҳафтаномаи мустақил – “Фараж”, “Озодагон” ва “Азия-Плюс” ба додгоҳ кашонда шуданд. Муддаиён аз ин се нашрия пардохти 5,5 миллион сомонӣ ё 1 миллиону 200 000 долларро талаб карданд. Ин шикоят дар ҳоле ба додгоҳ рафт, ки ҳафтаномаҳо мӯҳтавои нишасти хабарии вакили ҳуқуқӣ, Солеҳҷон Ҷӯраев ба нашр расонданд. Сипас дар бархе аз онҳо шарҳи Ҷӯраев мунташир шуда буд. Вакил додрасонро айбдор мекард, ки ҳукми ғайриқонунӣ содир кардаанд. Баррасии парванда идома дорад.

Ба навиштаи Кумитаи дифоъ аз журналистон, дар моҳи сентябр мақомоти Тоҷикистон дастрасиро ба чанд торнамои хабарии мустақил манъ карданд ва ба чопхонаҳои маҳаллӣ фишор оварданд, ки бархе аз нашрияҳои мустақилро чоп накунанд. Мавҷи фишор ба дунболи гузоришҳои интиқодӣ нисбати Вазорати дифои Тоҷикистон омад, ки дар нашрияҳои чопи Душанбе – “Фараж”, “Озодагон”, “Нигоҳ”, “Миллат” ва “Пайкон” ва ҳам торнамоҳои хабарии “Азия-Плюс”, “Авеста”, Тҷкнюз, Сентразия ва Фергана интишор шудаанд.

Расонаҳо аз тарафи вазорат дар ихлол ба амалиёти зидди ошӯб дар шарқи Тоҷикистон айбдор шуданд. Бино бар хабарҳои матбуоти маҳаллӣ дар ин амалиёт ба камияш 28 сарбози давлат кушта шудаанд. Вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев нашрияҳоро дар кӯмак ба террористон муттаҳам кард. Фишори ҳукумат дар давоми сол идома кард.

Мақомоти давлат дар вилояти шимолии Суғд хабарнигори ҳафтаномаи чопи Душанбе – “Нури зиндагӣ”, Маҳмадюсуф Исмоиловро дар моҳи ноябр ҳабс карданд. Хабаргузориҳои минтақаӣ дар ин бора дар моҳи декабр иттилоъ доданд. Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, Исмоилов ба тӯҳмат ва таҳқир аз тариқи матбуот айбдор шуда, ба ӯ то ду соли зиндон таҳдид мекунад. Журналист ҳукумати маҳаллӣ, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияро ба сиёсатҳои иштибоҳӣ айбдор кард. Исмоилов то поёни сол дар маҳбаси Хуҷанд нигаҳдорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG