Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маршировка”: Ба нафъу бар зарари кӣ?


Ин гурӯҳи донишомӯзонро дар майдони марказии шаҳри Душанбе машғули тамрин дарёфтем
Ин гурӯҳи донишомӯзонро дар майдони марказии шаҳри Душанбе машғули тамрин дарёфтем

Донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон баъд аз таътили зимистона ба “маршировка” даъват шудаанд.

Ҳудуди 13 ҳазор муҳассилин аз макотиби миёнаву олии кишвар ин шабу рӯз ба ҷашни Наврӯз, ки имсол барои нахустин бор дар Тоҷикистон чун ҷашни байналмилалӣ таҷлил мешавад, омодагӣ мегиранд.

Онҳо дар 15 майдону толорҳои хурду бузург дар ду баст, гурӯҳе субҳ ва гурӯҳи дигар баъд аз нисфирӯзӣ ҷамъ омада, ба муддати аз 2 то 3 соат тамрин мекунанд.

Баробари наздик шудан ба майдони марказӣ, қабл аз ҳама, садои масъулини тамрингоҳ ба гӯш мерасад, ки тариқи баландгӯяк ба донишҷӯён иҷрои ҳаракоти мухталифро супориш медиҳанд.
Ҳоло таҳдид накардаанд, ки аз донишгоҳ хориҷ мекунем, аммо агар хориҷ кунанд ҳам, кӯшиш мекунам аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ ҳимоя намуда, ба майдон наравам...


Дар ин майдон беш аз ҳазор донишҷӯ ва аксаран духтарон машқ мекунанд, онҳо бо рӯймолҳои дасти худ рангинкамон, дарё ва гулро тасвир мекунанд.

Баҳриддин Раҷабов, коргардони барномаи Наврӯзӣ мегӯяд, назар ба чорабиниҳои қаблии идона, ки бо ҷалби донишҷӯёни зиёд сурат мегирифт, дар тамринҳои навбатӣ теъдоди иштирокдорон чандон зиёд нест.

"Дар ин ҷо блоки эстрадиро омода мекунем. Ҳаминро бояд бигӯям, ки имсол дар Наврӯз тамошобинонро бисёр саҳнаҳои ҷолиб интизор аст. Ороиши зебо, рақсҳои диққатҷалбкунанда ва суруду таронаҳои нав табъи ҳамагонро шод хоҳад кард",-афзуд ӯ.

"Ҳеҷ кас маҷбурӣ намеояд"

Бояд гуфт, ҷалби беш аз 10 ҳазор донишҷӯ ба чунин як чорабинии фарҳангӣ дар кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки масъалаи истифода аз нерӯи муҳассилин дар раванди таълим, дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ аз сӯи коршиносону созмонҳои байналмилалӣ зиёд интиқод шудааст.

Як гурӯҳ донишҷӯён аз минтақаи Хатлону Суғд дар солҳои қаблӣ аз ҷалби иҷбории худ ба чунин маъракаҳои беимтиёз, ки ба раванди таълими онҳо халал ворид кардааст, шикоят карда буданд.

Аммо масъулини барномаи Наврӯзӣ мегӯянд, донишҷӯён на ба таври иҷборӣ, балки довталабона дар соатҳои холӣ аз дарс ба тамрингоҳҳо меоянд. Абдулҳамид Раҳимов, яке аз мутасаддиёни тамринҳои наврӯзӣ дар ин замина гуфт: "Онҳо аз рӯи қобилиятнок буданашон ва вобаста ба вазъи саломативу шароиташон ба тамринҳо ҷалб мешаванд. Ин маҷбурӣ нест."

Гулноза, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ҳам дар қатори дигар ҳамсабақонаш, ҳар рӯз баъд аз дарс ба майдони марказӣ меояд.
Гурӯҳе довталабон ва гурӯҳе бо нигаронӣ аз он ки аз донишгоҳ ронда нашаванд, ба тамрингоҳҳо меоянд
Ӯ мегӯяд, даъвати омӯзгоронро барои иштирок дар тамринҳои наврӯзӣ бо майли том пазируфтааст: "Якум бор иштирок мекунам дар «маршировка». Мехоҳам барномаи идонаи Наврӯзиро аз наздик бубинаму дар он иштирок кунам. Аз сӯйи дигар, ба фикри ман ин ҳам як навъи хидмат ба ватан аст."


"Хонему кор кунем ё маршировка равем?"

Аммо ба фарқ аз муҳассилини курсҳои як ва дуюми донишгоҳҳо, ки аксарият барои аввалин бор аст дар чунин тамринҳо ширкат доранду аз он шикоят намекунанд, донишҷӯёни курсҳои болоӣ, ки таҷрибаи ширкат дар чунин тамринҳоро доранд аз шурӯи боз як «маршировка» норозигӣ мекунанд.

Бар хилофи масъулин, ин гурӯҳи донишҷӯён мегӯянд, бидуни хоҳиши онҳо номашон ба листи тамрингарон ворид карда шудааст.

Наврӯз, донишҷӯи соли чаҳоруми Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, ӯ ва ҳамсабақони дигараш дар баробари таҳсил кор мекунанд ва вақти ширкат дар чунин «маршировка»-ҳоро надоранд. Бино бар ин, ӯ мегӯяд, аз рафтан ба тамрингоҳ даст кашидааст, ҳарчанд намедонад оқибати ин амалаш чӣ хоҳад буд.

"Ҳоло таҳдид накардаанд, ки аз донишгоҳ хориҷ мекунем, аммо агар хориҷ кунанд ҳам, кӯшиш мекунам аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ ҳимоя намуда, ба майдон наравам. Чун вақт надорам, ҳоло ман бояд кор кунам ва дарс хонам"
,-илова кард ӯ.

Донишҷӯён мегӯянд, бо вуҷуди он ки тибқи дастур бояд онҳо дар соатҳои холӣ ба тамрингоҳҳо сафарбар шаванд, аммо тавре аз рӯзҳои аввали тамрин мушоҳида шудааст, ин ба раванди таълими онҳо бетаъсир намондааст.

"Ваъдаҳое, ки вафо надоранд"
Ҳоло на ҳамаи донишҷӯён бо мусофирбарҳои махсус ба майдонҳо бурдаву оварда мешаванд. Як гурӯҳи онҳо мегӯянд, бо маблағи худ ва ё пои пиёда ба тамрингоҳҳо мераванд...


Бояд гуфт, бар асоси дастури шаҳрдорӣ, ин бор донишҷӯёне, ки ба барномаи наврӯзӣ ҷалб мешаванд, бояд бо нақлиёти бепул, ғизо ва дигар талаботи зарӯрӣ дар тамрингоҳ таъмин шаванд. Қарор аст, ин муҳассилин дар охир бо мукофоти пулӣ ҳам қадрдонӣ шаванд.

Аммо тавре мусоҳибони мо мегӯянд, ҳоло на ҳамаи донишҷӯён бо мусофирбарҳои махсус ба майдонҳо бурдаву оварда мешаванд. Як гурӯҳи онҳо мегӯянд, бо маблағи худ ва ё пои пиёда ба тамрингоҳҳо меоянд.

Мусоҳиби мо Наврӯз мегӯяд: "Барои мисол, донишҷӯёне ҳам, ки соли гузашта ба рӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб шуда буданд, ваъда дода буданд, ки бо хӯроки гарм ва нақлиёти бепул таъмин мекунанд, вале баъдан дидем, ки ин ваъдаҳо пурра амалӣ нашуданд. Ин ҳама донишҷӯёнро, албатта, аз ширкат дар чунин чорабиниҳо дилсард мекунад."

Вале ба ҳар сурат, ин ҳанӯз шурӯи ҷалби донишҷӯён ба тамрингоҳҳост ва барои сӯҳбат дар бораи амалишавии ваъдаҳо боз як моҳи дигар вақт аст. Бо ин вуҷуд, гурӯҳе ба таври довталабона ва гурӯҳи дигар бо нигаронӣ аз он, ки аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд, ба майдонҳо ҳозир шудаву тамрин мекунанд.
XS
SM
MD
LG