Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Клинтон аз тазоҳургарони эронӣ


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, аз ширкаткунандагони тазоҳурот дар Ирон, ки аз сӯи полис пароканда карда шуданд, пуштибонӣ намуд. Хонум Клинтон аз мақомоти Эрон даъват кард, ки сабақи Мисрро аз ёд набаранд ва дар баробари шаҳрвандони худ бозтар бошанд.

Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки "шаҳрвандони Эрон ҳақ доранд, ки ҳуқуқҳояшон чун ҳуқуқҳои шаҳрвандони Миср риоя шаванд, ҳуқуқҳое, ки инсон аз онҳо баробари ба дунё омадан бархурдор аст".


Рӯзи душанбе ҳазорон нафар ба хиёбонҳои Теҳрон ва дигар шаҳрҳои бузурги Эрон рехта, аз намоишҳои зиддди режимҳои худкома дар Тунису Миср ҷонибдорӣ карданд. Ҳангоми аз сӯи нерӯҳои амниятӣ пароканда шудани намоишҳо як нафар кушта ва чандин нафар захмӣ шуданд, даҳҳо нафар ба боздоштгоҳ интиқол ёфтанд.

Теҳрон як гурӯҳи фаъолияташ дар кишвар мамнӯъро дар дасисае айбдор намуд, ки бо хушунат поён ёфтааст.

XS
SM
MD
LG